МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Чанд лаҳза пеш дар Қасри миллат мулоқоти якка ба яккаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов оғоз ёфт, ки барои боздиди давлатӣ ба Тоҷикистон омадааст. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи ҳар ду мамлакат, инчунин вазъияти минтақа муҳокима карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки баъди мулоқоти сарони ҳар ду давлат гуфтушуниди ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Туркманистон оғоз меёбад. Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии дурӯзаи Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Тоҷикистон аз имрӯз оғоз ёфт.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






