МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВАЗИРИ ИҚТИСОДИЁТИ АФҒОНИСТОН

Март 17, 2010 17:13

Душанбе,  17 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  баъди  чошти  имрӯз  бо  вазири   иқтисоди Давлати  Исломии  Афғонистон Абдулҳодӣ  Аргандавол  мулоқот  кард. Зимни  мулоқот  масъалаҳои   ҳамкории  ҳар  ду  кишвар   дар  соҳаҳои  иқтисодиёт  ва тиҷорат  муҳокима  шуданд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  вазири  иқтисоди  Афғонистон А.Аргандавол  15  март  барои боздиди  чоррӯза  ба  Душанбе  омада буд. Ӯ  зимни  сафар бо роҳбарону намояндагони  вазорату  идораҳои  Тоҷикистон  силсилаи  мулоқотҳо  анҷом  дод.  Сафари  А.Аргандавол  дар  Тоҷикистон  то  19 март  давом  мекунад.

Март 17, 2010 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд