МУЛОҚОТИ САРВАЗИР БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ ОЛМОНӢ

Март 4, 2010 14:47

Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Сарвазири  ҷумҳурӣ  Оқил  Оқилов  имрӯз  бо гурӯҳи намояндагони  ширкати «Bosch» —   Ҷумҳурии  Федеролии Олмон таҳти роҳбарии  узви  раёсати он  Рудолф  Колм  ва намояндаи  ваколатдори  ширкати  мазкур   дар  Русия  ва  ИДМ  мулоқот  кард. Сарвазир  зикр  намуд, ки  Тоҷикистон   ба  ҳамкории  иқтисодӣ  бо  ин ширкати  калонтарини   Олмон омода  мебошад. Қайд  карда  шуд, ки барои   ба роҳ  мондани  ҳамкорӣ  корхонаҳои  муштарак  ташкил  карда шаванд. Р.Колм  ба  О.Оқилов   дар бораи  фаъолияти ширкат  маълумот  дода,  зикр  кард,  ки  корхонаҳои он  қисмҳои  эҳтиётии   мошинҳо,  таҷҳизоти  ташхискунанда,   асбобу  анҷоми  барқӣ,  техникаи  рӯзгор,  системаҳои таъмини   бехатарӣ  ва   дастгоҳҳои  саноатӣ  истеҳсол  менамоянд. О.Оқилов  пешниҳод  намуд, ки   меҳмонон  бо  ҷониби  Тоҷикистон   дар  бобати  сохтани   батареяҳои   офтобӣ,  бухориҳои барқии   гуногуншаклу  гуногунҳаҷм,  таҷҳизоти таъминкунандаи   бехатарии  кори   нерӯгоҳҳои барқӣ   ва  ғайра   ҳамкорӣ  карда  метавонанд. Намояндагони  ширкат  изҳор  карданд, ки  то  охири  сол  дар  Тоҷикистон   намояндагии  худро  кушода,  барои ташкили корхонаҳои  муштарак  талаботи  бозори  Тоҷикистон  ва  мамлакатҳои  дигари Осиёи  Марказиро  меомӯзанд.  

Март 4, 2010 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!