МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ ФАРҲАНГИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ 25 март барои иштирок дар маҷлиси 7 – уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Пекин рафт. Дар маҷлис инчунин вазирони фарҳанги Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ӯзбекистон, давлатҳои мушоҳид дар созмон – Ҳиндустон, Эрон ва Муғулистон ширкат меварзанд. Дар маҷлис масъалаҳои марбут ба ҷараёни иҷрои созишномаи ҳукуматҳои мамлакатҳои аъзои СҲШ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, вусъати минбаъдаи равобити дуҷонибаю бисёрҷониба дар доираи созмон, ташаббуси вазорати фарҳанги Чин дар бораи гузаронидани Анҷумани нахустини ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг нимаи дуюми соли 2010 дар шаҳри Санёи ҷазираи Хайнан, мӯҳлат ва маҳалли гузаронидани маҷлиси ояндаи вазирони фарҳанги мамлакатҳои аъзои СҲШ муҳокима карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маҷлиси вазирони фарҳанги мамлакатҳои аъзои созмон то 30 март давом мекунад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






