МУОВИНИ НАВИ АВВАЛИ САРДОРИ СИТОДИ МУТТАҲИДАИ СААД
Маскав, 10 март. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Бо қарори Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ генерал – поковник Анатолий Ноговитцин муовини аввали сардори Ситоди муттаҳидаи СААД таъин карда шуд. Номзади А.Ноговитцинро ба ин вазифа Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия пешбарӣ карда буд. Анатолий Алексеевич Ноговитцин 24 апрели соли 1952 дар вилояти Семипалатинск таваллуд шуда, Омӯзишгоҳи олии ҳарбии сарнишинони ҳавопаймоҳои мудофиа аз ҳуҷуми хавоии Армавир, Академияи қумондонони ҳарбии қувваҳои мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ ва Академияи ҳарбии Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Русияро хатм кардааст. Ӯ аввал ба эскадрилияи ҳавопаймоҳои низомӣ, полк ва корпуси мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ роҳбарӣ карда ва дар вазифаи муовини сардори ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Русия кор кардааст. Мавсуф доктори илми ҳарбӣ мебошад. А.Ноговитцин бо орденҳои Ситораи сурх ва «Хизмати шоистаи ҳарбӣ» мукофотонида шуда, Лётчики хизматнишондодаи Федератсияи Русия мебошад. Муовини аввали сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал — лейтенант Олег Латифов аз ин вазифа озод карда, ба ихтиёри сардори Раёсати умумии ҳамкории байналмилалии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия гузаронида шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






