МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАХШИДА БА ИДИ НАВРӮЗ
Душанбе, 22 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар арафаи иди Наврӯз дар шаҳри Маскав қувваозмоии дӯстонаи дастаҳои футболи кормандони намояндагии вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи вазорати корҳои дохилии шаҳри Маскав таҳсил мекунанд ва омӯзгорони ҳамин мактаби олӣ баргузор гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳамаи ду даври қувваозмоӣ бо ҷӯшу хурӯш ва тезу тунд гузашт. Футболбозони тоҷик даври аввали бозиро бо ҳисоби чор бар ду анҷом доданд. Вале даври дуюми қувваозмоӣ ба фоидаи ҳамкасбони русиягии онҳо ба охир расид. Ҳамин тариқ, қувваозмоӣ бо ҳисоби панҷ бар чор ба фоидаи дастаи футболбозони Донишгоҳи ВКД Русия анҷом ёфт. Котиби матбуоти намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Русия Дилбар Хоҷаева хабар дод, ки байни намояндагии ВКД Тгоҷикистон дар Маскав ва Донишгоҳи ВКД Русия дер боз муносибатҳои хуби ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки дар ин донишгоҳ 20 намояндаи Тоҷикистон низ таҳсил мекунад. Намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Маскав ҳамроҳи маъмурияти донишгоҳ мулоқотҳои донишҷӯёнро бо кормандони масъули вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва собиқадорони милисаи тоҷик мунтазам ташкил менамоянд. Чунин тадбирҳо барои тарбияи афсарони оянда дар рӯхияи ватандӯстӣ кӯмаки калон мерасонад, хабар медиҳад Д.Хоҷаева.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд






