МУСОФИРИ ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ – ДУБАЙ ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Кормандони гумруки фурӯдгоҳи пойтахт раёсати минтақавии шаҳри Душанбе як ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадорро ба қайд гирифтанд. Тибқи иттилои сардори дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Нуралӣ Шарипов, 26 марти соли ҷорӣ ҳангоми ба расмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри Душанбе – Дубай бо гумони интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар шаҳрванди Покистон, истиқоматкунандаи шаҳри Пешовар Арбоб Саид Анвар соли таваллудаш 1957 дастгир гардид. Кормандони гумрук аз дохили бағоҷи ӯ се пакети селофанӣ дарёфт ва мусодира намуданд. Тибқи маълумоти коршиносон маводи дарёфтшуда героин буда вазнаш 3 кг 913 граммро ташкил медод. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ба прокуратураи нақлиётии шахри Душанбе супорида шуд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






