НАФАҚАИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ ЗИЁД МЕШАВАД

Март 30, 2010 16:16

Душанбе,  30 март. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – Бо  фармони  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  аз  18  марти  соли  равон  «Дар  бораи тадбирҳои  беҳтар  намудани   шароити  моддии  зиндагии  иштирокчиён ва  маъюбони  Ҷанги  Бузурги  Ватании  солҳои  1941 –1945» нафақаи  иштирокчиён ва  маъюбони  ҶБВ,  ҳамсарони  ҷанговарони  ҳалокшуда ва  шахсоне, ки  солҳои  ҷанг  камаш  6  моҳ  дар  ақибгоҳ  кор  карда ё  хизмати  ҳарбиро  ба  ҷо  овардаанд,  зиёд  карда  мешавад. Мувофиқи фармони  мазкур   нафақаи  иштирокчиён  ва  маъюбони  ҷанг аз 1  майи  соли равон  сар карда,  ба  маблағи  60  сомонӣ ва  нафақаи  ҳамсарони  ҷанговарони  дар  ҷанг  ҳалокшуда,  шахсоне, ки  солҳои  ҷанг  дар  ақибгоҳ  камаш  6  моҳ  кор  кардаанд ё хизмати  ҳарбиро  ба  ҷо  овардаанд, 30  сомонӣ  зиёд  карда  мешавад. Дар  ин  бора  мудири  шӯъбаи  сиёсати  нафақаи  Вазорати  меҳнат ва  ҳифзи  иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Абдураҳмон  Ҳакимов ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод.  

Март 30, 2010 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!