НАРХ ДАР МОҲИ ФЕВРАЛ ҲАМ БЕТАҒЙИР БОҚӢ МОНД
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти расмии корхонаҳои саноатӣ, нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар моҳи феврал чун дар моҳи январи соли 2010 бетагйир боқӣ монд, вале дар чанд маврид нархи маҳсулоти кишоварзӣ боло рафт. Боис ба ёдоварист, ки моҳи январи соли ҷорӣ нисбат ба моҳи январи соли 2009 аз ҳама бештар нархи молҳои озуқаворӣ, аз ҷумла, шакар, 83,0 фоиз, намаки майда – 34,1, маҳсулоти макаронӣ — 3,7, чой – 12,6, моҳии зинда – 14,6, нахӯд – 15,0, гӯшти мурғи хонагӣ — 2,4, тухм – 23,9, маҳсулоти ширӣ — 21,2, себ – 80,3, меваю сабзавот – 8,2 фоиз қимат шуд. Дар айни ҳол, нархи сабзӣ 25,4 фоиз, карам 12,2, орди навъи 1 — ум 11,9 фоиз арзон шуд. Рӯзҳои охир нархи бехпиёз, себ ва меваҳои субтропикӣ ба андозаи 15 – 20 фоиз боло рафтааст.