НАТИҶАҲОИ НИҲОИИ ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари АбӮбакр). — 28 феврали соли 2010 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тибқи маълумоти пешакии комиссияҳои ҳавзавӣ оид ба натиҷаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3621741 шаҳрвандони ба рӯйхати интихобкунандагон дохилшуда, 3154433 ё 87,1 фоиз интихобкунандагон дар овоздиҳӣ иштирок намуданд. Мувофиқи маълумоти пешакӣ ба ҳашт ҳизби сиёсӣ овозҳои интихобкунандагон чунин тақсим шуданд: Ҳизби аграрии Тоҷикистон 153236 овоз ё 4,86 фоиз Ҳизби демократии Тоҷикистон 26614 овоз ё 0,84 фоиз Ҳизби ислоҳотии иқтисодии Тоҷикистон 147896 овоз ё 4,69 фоиз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 227809 овоз ё 7,22 фоиз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 244171 овоз ё 7,74 фоиз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 14907 овоз ё 0,47 фоиз Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон 22610 овоз ё 0,72 фоиз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 2261406 овоз ё 71,69 фоиз Ҳамин тариқ, тибқи моддаи 48 Қонуни конститутсионии Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳизбҳои сиёсии зерин дар ҳозира ҳадди 5 фоизаро бинобар аниқу дақиқ набудани ахборотҳо бо сабаби техникӣ ноил нагардиданд ва аз гирифтани мандати вакилї аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ маҳрум шуданд: 1) Ҳизби демократии Тоҷикистон — 0,84 фоиз 2) Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон — 0,47 фоиз 3) Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон — 0,72 фоиз Мувофиқи қоидаҳои пешбиникардаи моддаи 48 Қонуни мазкур ҳизбҳои сиёсии зерин миқдори дахлдори мандати вакилиро соҳиб гардиданд: 1) Ҳизби аграрии Тоҷикистон — 4,86 фоиз 2) Ҳизби ислоҳотии иқтисодии Тоҷикистон — 4,69 фоиз 3) Ҳизби коммунистии Тоҷикистон — 7,22 фоиз 4) Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон — 7,74 фоиз 5) Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон — 71,69 фоиз. Аз ибтидои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот то дирӯз ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 44 адад арзу шикоятҳо ва дархостҳои хаттӣ ворид шуданд, ки ҳамаи онҳо тибқи муқаррароти қонунгузории дахлдор баррасӣ гардиданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






