НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНИШУДАИ МАРДУМОНИ ФОРСИЗАБОН
Душанбе, 16 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Иҷлосияи 64 – уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷашни мардумони форсизабонон- Наврӯзро, ки 21 март таҷлил мешавад, байналмилалӣ эълон кард ва дар ин хусус қатънома қабул намуд. Мавриди зикр аст, ки Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои бостонии халқҳои форсизабон ва миллатҳои эронинажод аст, ки аз қаъри асрҳо то ба замони мо расидааст. Доир ба Наврӯз, таърихи зуҳури он, вақту замони таҷлили ин ҷашн донишмандону шоирони шаҳири гузаштаи форсизабон — Абулқосим Фирдвасӣ, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайёми Нишопурӣ, Садриддини Айнӣ ва дигарон асарҳо таълиф кардаанд. Мутобиқ ба гуфтаи онон чунон ки аз номаш бармеояд, Наврӯз рӯзи нав аз Соли нав аст, ки ба аввали фарвардинмоҳи Эрони бостон (ба он Тоҷикистони таърихӣ низ шомил буд), оғози моҳи ҳамали шамсии ҳиҷрӣ ва 21 марти солшумории мелодӣ рост меояд ва таърихи шаш ҳазоросола дорад. Бинобар ривояти достонии дар «Шоҳнома» овардаи Фирдавсӣ «Наврӯз ҳанӯз аз замони Каюмарс- нахустин подшоҳи пешдодӣ маълум буд. Каюмарс сӣ сол шоҳӣ ва оини тахту тоҷро ҷорӣ карда, ба одамон хӯрок пухтан ва аз пӯсти ҳайвонот либос дӯхтанро ёд дод». Дар даврони давлатдории ҳахоманишиён (асрҳои 6-4 то мелод) ҷашн гирифтани Наврӯз ба расмият даромад ва дар асотири мардумони эронӣ, таҷлили онро ба шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Муҳаммадҳусайн Бурҳон дар асари худ «Бурҳони қотеъ» (асри 17-и мелодӣ) овардааст, ки аввал Ҷамшед Ҷам ном дошт, ки он подшоҳ ва султони бузург гуфтан аст. Рӯзе ӯ ба саёҳат баромада, ба Озарбойҷон расид. Он рӯз офтоб ба нуқтаи аввали ҳамал расида буд. У фармуд, ки тахти зебоеро дар ҷои баланде гузоранд ва худ тоҷи мунаққаше ба сар ниҳода, бар он тахт нишаст. Чун хуршед тулӯъ кард, шуоъ ва партави офтоб бар он тоҷу тахт афтод, шуоъе дар ғояти рӯшанӣ падид омад. Шуъоро ба забони паҳлавӣ шед мегӯянд ва он лафзро ба Ҷам афзуданду Ҷамшед гуфтанд, яъне подшоҳи рӯшан. Ва он рӯз ҷашни азим карданд ва онро Наврӯз ном ниҳоданд. Наврӯз дар замонҳои қадим аз 6 то 13 рӯз таҷлил мешуд. То ба имрӯз дар Эрон Наврӯзро 13 рӯз чун оғози соли нав ҷашн мегиранд. Ҳангоме, ки мардумони Хуросону Мовароуннаҳр ба ислом рӯ оварданд, арабҳо ҷашни Наврӯзро мамнӯъ насохта, баръакс солшумории ҳиҷрии хуршедиро ба он мутобиқ сохтанд ва аввали ҳамалро сари сол хонданд ва Наврӯз ҳар сол ботантана дар ин марзу бум таҷлил мешуд. Дар Осиёи Миёна ҳам то ишғоли императории рус ин сарзаминро (аз солҳои 1868-1870), Наврӯз ба таври расмӣ соли нав маҳсуб мешуд ва ҷашн гирифтани он вобаста ба тақвими деҳқонӣ ва фаро расидани баҳор дар минтақаҳои гуногун каме фарқ мекард. Дар шаҳрҳои сернуфузи кишвар –Самарқанду Бухоро, Панҷакенту Фарғона, Хуҷанду Истаравшан, Кӯлобу Ҳисор, Деҳнаву Насаф ва маҳалҳои дигар ҷашнгоҳҳои махсус сохта, базмҳо меоростанд. Тарзи барпо шудани ҳамин гуна ҷашни солинавиро дар Бухорои он замон маорифпарвар ва нависандаи бузурги тоҷик Аҳмади Дониш ва Садриддини Айнӣ бо тамоми тафсилоташ ба қалам овардаанд. Дар қаламрави Россияи подшоҳӣ ҳамаи корҳои давлатдорӣ дар кишвари Туркистон бо тақвимӣ григорӣ-мелодӣ сурат мегирифт, вале маъмурини русӣ истифодаи тақвими ҳиҷрии шамсӣ ва ҳиҷрии қамариро, алалхусус дар аморати Бухоро, ки он вақт ин шаҳр назди аҳли олам маркази тамаддуни исломӣ ҳисоб мешуд, манъ накарда буданд. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр ва сари қудрат омадани ҳизби коммунист ва талқину тарвиҷи афкори марксистӣ дар истифодаи солшумориҳои ҳиҷрӣ ва баргузории ҷашнҳои миллӣ, алалхусус дар ҷумҳуриҳои сокинонаш мусулмон тағйироти ҷиддӣ ба амал омад. Ҳамаи коргузориҳо комилан ба тақвими мелодӣ сурат мегирифт. Бо амри сарварони қудрат зиёиёни туркзабони Осиёи Марказӣ ва баъдтар равшанфикрони Тоҷикистон ҳам аз алифбои зиёда аз ҳазор сол ривоҷдоштаи форсӣ-арабӣ даст кашида, ба навиштани лотинӣ ва баъдан кириллӣ -русӣ гузаштанд. Солҳои 20 ва ибтидои солҳои 30 касе, ки дар бораи ҷашнҳои миллӣ ва нигоҳ доштани хати форсӣ ҳарф мезад, ба зудӣ аксулинқилоб ва унсури бегона эълон шуда, ё ҳабс ё душмани халқ мешуд. Тавре бобоёну бибиҳоямон нақл менамуданд, Ҷашни Наврӯз ҳам дар ин солҳо ба таври расмӣ таҷлил нашуда, вале мардум дар шаҳру навоҳӣ ва деҳот омаданашро бесаброна интизорӣ кашида, ба таври ошкору пинҳонӣ онро истиқбол мегирифтанд. Фақат баъди ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ва пайдоиши озодандешӣ дар қаламрави собиқ Шӯравӣ суннату анънаҳои миллӣ дар ҷумҳуриҳо аз нав эҳё шуданд ва ҷашни Наврӯз дубора эҳё гардид. Воқеан дар эҳё гардонидани Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фарзандони барӯманду фарзонаи миллати тоҷик, амсоли Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Боқӣ Раҳимзода ва дигарон калон аст. Чуноне гуфтем Наврӯз аслан ҷашни бостонии халқҳои эронитабор аст, вале бо мурури замон Наврӯзро халқҳои дигари туркнажоди ӯзбек, туркман, қирғиз, қазоқ, озарӣ, тотор, бошқир ва ғайра ҳам пазируфта, чун ҷашни миллии худ таҷлил мекунанд. Мардуми тоҷик, ки аслан аз нажоди ориёист ва дар қиёс бо дигар халқҳои Осиёи Марказӣ бо забони ноби форсӣ, фарҳанг ва тамаддуни худ хусусияти хосро дорост, Ҷашни Наврӯзро хело пуршукӯҳ ва дар сатҳи баланд аз 21 март то аввали моҳи апрел таҷлил менамоянд. Аз қадами муборак ва фархундаи Баҳор-Наврӯз табиати зебо аз хоби ноз бедор мегардад, аз нав эҳё мешавад. Бахусус, табиати дилфиреби Тоҷикистон, ки қариб 93 фоизашро кӯҳсор ташкил медиҳад, хело нотакрор мегардад, кас аз тамошои манзараҳои дилфиреб ба ваҷд омада, қалам ба даст мегирад, то он ҳама зебоиҳои табиати диёрро бо хомаи нози хайёл ба мисли марворид шадда намоӣ. Замин ба мисли арӯси нозанин қабои сабзи махмалин –себаргаю сабза ба бар менамояд. Андалебон дар чаманистон ба ғазалсароӣ медароянд, обшорон рақс менамоянд, рӯдҳо пурҷӯшу хуруш гардида, туғён мекунанд. Хулас, табиат эҳё мегардад, эҳё. Бо омад-омади Наврӯзи ҳуҷистапай, ки аслан тоҷикон онро чунин ном мебаранд, шабу рӯз баробар мегардад. Сардии зимистон ҷойи худро ба рӯзҳои гарму офтобии баҳорон медиҳад. Марди деҳқон, ки рӯзирасони мардум аст, каланд ба даст гирифта, замин шудгор менамояд, бо ҳазор орзую омол донаи умед-донаи гандум ба замин кишт менамояд. Кӯдакон, ки аз сардиҳои зимистон дилхаста гардидаанд, фасли зебои баҳорро бесаброна интизорӣ мекашанд. Аз омад-омади баҳор беқарор гардида, ба кӯҳу саҳро мебароянд, гулҳои бойчечаку сиёҳгӯш ва наврӯзӣ чинда, сурудхонон ба хонаҳои аҳли маҳалла ва гузари худ мераванд ва аз омад –омади баҳор мужда ва пайём мерасонанд. Ин маросимро маросими «Гулгардонӣ» мегӯянд. Соҳибхоназанҳо гулҳои баҳориро аз дасти кӯдакон гирифта, ба дидагони худ мегузоранд ва шукри Яздони покро мегӯянд, ки ба баҳори нав ва ба Наврӯз расиданд. Ҷашни Наврӯз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон — Суғду Хатлон, Ҳисори шодмон, Рашту Бадахшон ва пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ботантана дар асоси анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои наврӯзӣ истиқбол гирифта мешавад. Бахусус, бонувон то омад -омади Наврӯз суманак, мегузоранд, ки он рамзи баҳору Наврӯз аст. Онҳо гандумро тоза шуста дар зарфи мисин, хусусан тағораҳо мегиранд ва ба болои он дока-матоъи ҳарири аз пахта истеҳсолшударо партофта, дар ҳавои кушод зери борони найсони баҳорӣ мегузоранд. Баъди неш баровардани донаҳои гандум онро дар лаъличаҳои андозаашон гуногун мегузоранд. Ва то баланд гардидани сабза ( аслан барои тайёр кардани суманак сабзаи гандум набояд баланд гардад) интизорӣ мекашанд ва онро дар шакли чоркунҷа бо кордча бурид дар уғрак мекӯбанд, ва шираи гандуми сабзидаро аз дока- полонда ба дег мегузоранд ва дар оташи на пасту на баланд то дар шакли ҳавло гардиданаш онро меҷӯшонанд. Аслан мардуми тоҷик анъанаи хуберо аз қадимулайём нигоҳ медоранд. Ин ҳам бошад дар атрофи деги суманак бо аҳли хонавода, хешу табор, аҳли гузар ҷамъ омада ашӯла ва таронаи «Суманак»-ро зам-зама менамоянд ва бо навбат бо кафгир деги суманакро бо нияти нек ва орзуҳои ширини наврӯзӣ мекобанд. Ва чунин мисраъҳои шеъриро қироат мекунанд: Суманак дар ҷӯш мон кафча занем, Дигарон дар хоб мо лабча занем. Суманак рамзи баҳорай, Ошиқи шабзиндадорай Иди Наврӯзӣ муборак! Суманак яке аз намудҳои шириниҳои машриқзамин буда, он дар арафаи Ҷашни бузурги Наврӯз тайёр карда мешавад. Суманак ширинии серғизо аст, он ба саломатии инсон фоидаовар мебошад. Суманакро тоҷикон дар ду шакл- дар шакли ҳалвогӣ ва кулчагӣ мепазанд. Ҳалвоӣ дар дег ва кулчагӣ бошад-шираи гандумро бо каме орд якҷоя намуда, дар шакли кулча ба мисли нон дар танӯр мепазанд. Истиқболи дигари сазовори Наврӯз ин оро додани хони Наврӯзӣ бо навъҳои гуногуни таом ва маҳсулотҳоест, ки номҳояшон бо ҳарфҳои «Син» ва «Шин» оғоз мегарданд. Аз ҷумла, суманак, сумот, самбӯса, сабзӣ, санҷид, себ, ширинӣ, шарбат ва ғайраҳо мебошанд. Инчунин барои бофайзу баракат гардидани тамоми сол дар хони Наврӯзӣ ҳафт навъи мева мегузоранд. Гузоштани шамъ дар миёни хони Наврӯзӣ худ рамзи фурӯзонию равшанӣ ва саодати рӯзгор буда, гузоштани сабза сарсабзию хуррамии миллату сарзамин аст. Ҷашни Наврӯзи фархунда дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби мардум бо рӯҳияи идона ва пур аз шодиву сурур истиқбол гирифта мешавад. Аз субҳи содиқ садои форами карнайю сурнай ва най мардумро ба базмгаҳи Наврӯзӣ ҳидоят менамояд. Пиру барно шоду хандон либосҳои идона ба бар карда, бо рӯҳияи идона ба базмгаҳи Наврӯзӣ мешитобанд. Дар миёни базмгаҳи Наврӯзӣ гулхан фурӯзон карда мешавад. Дар атрофи гулхан пиру барно даврагардӣ менамоянд бо умеди рӯзгори неку босаодат ва раҳоӣ аз азобу кулфати рӯзгор. Дар сӯйи дигари базмгаҳи Наврӯзӣ мутрибону ҳофизон шеъру тарона месароянд, раққосон хиромон мерақсанд. Базлагӯёну масхарабозон рӯҳияи идонаи мардумро болида мегардорнанд. Писарону духтарони ҷавон давра ороста дубайтию рубоиҳои ошиқона қироат мекунанд. Базмгаҳи Наврӯзиро бидуни човандозӣ ва дигар мусобиқаҳои маъмули варзишӣ, аз қабили гӯштингирӣ, чавгонбозӣ, камонварӣ, озмоиши қувваи даст, буҷулбозӣ ва паррандабозӣ тасаввур кардан нашояд. Дар базмгаҳи Наврӯзӣ човандозҳои моҳир аз минтақаҳои дурдасти кишвар ҷамъ омада, бузкашӣ мекунанд, ки яке аз мусобиқаҳои маъмули варзишист. Инчунин, бо иштироки паҳлавонони таҳамтани минтақаҳои гуногуни кишвар ва хориҷи он мусобиқаи варзишии- гӯштингирӣ ташкил карда мешавад. Ба беҳтарин паҳлавонон тӯҳфаҳои қимматбаҳо, аз қабили автомобил, қолин, яхдон ва дигар ҷиҳози рӯзгор ва ғайра тақдим карда мешавад. Хулас, Ҷашни Наврӯзи ҳуҷастапай дар сарзамини тоҷикон бо шукӯҳу шаҳомати бузург таҷлил гардида, он ба иди ҳақиқии баҳору зебоӣ ва ҳамрайъию ваҳдати тамоми қавмҳои гуногуни Тоҷикистони офтобӣ табдил мегардад. То ҷое мусаллам аст, дар соли равон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри бостонии Шероз /Эрон/ таҷлил карда мешавад, ки дар маросими ҷашнгирии он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар радифи намояндагони баландпояи 20 кишвари ҷаҳон, ки Наврӯз дар онҳо таҷлил мегардад, даъват шудааст. Дар сатҳи ҷумҳурӣ бошад Наврӯз дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо фарогир аз суннатҳои наврӯзии мардуми тоҷик истиқбол ва ҷашн гирифта мешавад.