НАВРӮЗ — ТАЪРИХИ ЗИНДАВУ БЕДОРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Созмони Миллали Муттаҳид иди Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон кард. Ин тасмим дар қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз 23 феврали соли 2010 дарҷ гардида, пешнависи ин қатънома бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории кишварҳои Туркия, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Албания, Ҳиндустон, Мақдуния, Озарбойҷон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна таҳия ва пешниҳод шудааст. Аз 21 марти соли 2010 инҷониб Наврӯз ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» таҷлил шуда, дар қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ омадааст, ки Наврӯз ба гуфтугӯи байни фарҳангҳо ва ҳамдигарфаҳмии мардумони сайёра мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, аз кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯз дархост шудааст, ки таъриху анъанаи таҷлили ин иди бостониро пажӯҳиши амиқтар намуда, натиҷаи онро дар миёни аҳлии олам паҳн кунанд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ пайдоиши ҷашнгирии Наврӯз ба таври мухталиф нигошта шудааст. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» достоне дорад, ки аз таърихи пайдоиши Наврӯз дар замони шаҳриёрии Ҷамшед, подшоҳи афсонавии Эронзамин, хабар медиҳад. Чу хуршеди тобон миёни ҳаво, Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво. Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй, Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯй. Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд, Мар он рӯзро Рӯзи нав хонданд. Сари соли нав Ҳурмузи Фарвадин, Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин. Ба Наврӯзи нав шохи гетифурӯз, Бар он тахт биншаст фирӯзрӯз… Тибқи ин достон, шоҳ Ҷамшед замоне ба гардишгарӣ дар сарзаминҳои эронӣ машғул буд ва чун ба Озарбойҷон расид, бифармуд, ки онҷо тахте гузоранд ва бар сар тоҷе заррин ниҳод, чунончи нури хуршед бар тахту тоҷи заррин расид, чаҳон мунаввар шуд, мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро «Наврӯз» хонданд. Вале ин танҳо ривояте аз пайдоиши Наврӯз нест. Гурӯҳе онро бо замони зуҳури Каюмарс, нахустинсон дар асотири эронӣ ва бархе дигар бо ишора ба осори бостоние чун Авесто, мегӯянд, ки Зартушт ба унвони як ахтаршинос ва поягузори тақвими хуршедӣ дар миёни эрониён замони эътидоли шабу рӯз дар фасли баҳорро барои ҷашни Наврӯз мушаххас кардааст. Бархе дигар мегӯянд, ки ин ойини бостонӣ дар замони хахоманишиён аз Бобул омадааст. Бар асоси ин ривоят, эрониёни бостон гӯё аз Наврӯз дар оғоз ба унвони «Нава Сареда» (соли нав) ёд мекарданд. Зимнан, ба навиштаи Абурайҳони Берунӣ, (донишманди қарни 11 мелодӣ), суғдиёну хоразмиён, мардумони эронии Осиёи Миёна Наврӯзро мутаносибан «Навсард» ва «Новсорчи», яъне навсол ё соли нав мехонданд. Муаррихи тоҷик Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ дар мусоҳибае бо бахши форси Радиои ВВС гуфта буд, ки ҷашни Наврӯз аз Осиёи Миёна бо муҳоҷирати қабилаҳои ориёӣ ба Эрони ғарбӣ рафтааст. Зеро, ҳамон сунатеро, ки дар Осиёи Миёна дар замони Каёниён буд, Хахоманишиён, Модхо ва Сосониён идома доданд. Шоири маъруфи тоҷик Мӯъмин Қаноат мӯътақид бар он аст, ки дар аҳди Сомониён Наврӯз чеҳраи исломӣ гирифт, вале суннатҳои асосии он ҳифз шудаанд. Он замон, Наврӯз ба андозае зебо ва бошукӯҳ ҷашн гирифта мешуд, ки мардуми турктабори саҳроӣ ҳам дар муҳити Наврӯз ворид шуданд ва онҳо «Наврӯз-байрам» гуфта, аз он таҷлил мекарданд. Вале, Наврӯзи онҳо Наврӯзи табиат буд, яъне шукуфтани гул, сабза ва дигар растаниҳо. Тазаккур додан бамаврид аст, ки дар замони шӯравӣ Наврӯзро як падидаи динӣ ва иртиҷоӣ гуфта, таҷлили онро дар сатҳи расмӣ ва оммавӣ манъ карда буданд. Ҳол он ки, дар Аврупо дар бораи ин ҷашн огоҳӣ доранд ва соири кишварҳои Балкан онро ҷашн мегирифтанд. Чунин иқдом дар сатҳи байналмилалӣ миллатҳои ҷаҳонро бо ҳам қарин мегардонад. Ин пешниҳоди СММ дар шинохт ва эҳтироми фарҳанги миллатҳо нақши муҳим дорад. Пешниҳоди давлати Тоҷикистон барои мақоми ҷаҳони доданӣ Наврӯз, идомаи талошҳо дар бахши шинохти ҳуввияти миллист. Тоҷикон Наврӯз ва ойинҳои онро ҳувияти миллии худ дониста, ҳатто дар замони Шӯравӣ, ки таҷлили расмии он манъ буд, ба таври пинҳонӣ, бахусус мардуми деҳот ҷашн мегирифтанд. Аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ дар тамоми қалаврави ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии наврӯзии соли 2008 бо ифтихор гуфта буд, ки «Мо аз ҷумлаи миллату мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву мӯҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рӯҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем, зеро Наврӯз – Шоҳномаи шаҳриёрони миллат, «Ёдгори Зарирон»-и ҷовидона, дарахти ҳамешасабзи «Ассурик», ҷашни Ҷамшед, «Корномаи Ардашер», «Пандномаи Анӯшервон», «Андарзномаи Бузургмеҳр», «Ганҷи шойгон»- и «Занду Позанд», сарчашмаи мусаффои «Минӯи хирад», замзамаи навоҳои борбадии «Наврӯзи Бузург», «Боғи Шаҳриёр», «Партави Фархор», «Сабз андар сабз», «Кини Сиёвуш», «Сарвистон» ва таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонагӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳувияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аст». Маврид ба ёдоварист, ки моҳи майи соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро ба феҳрасти мероси фарҳангии ҷаҳон ворид кард ва то имрӯз, 21 март дар кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мешавад.