НАВРӮЗИ ҶАҲОНИШУДАИ ТОҶИКОН

Март 11, 2010 09:53

Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Иҷлосияи 64 – уми Ассамблеяи Генералии СММ дар бораи «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон карда шудани 21 – уми  март қатънома қабул кард ва бо ҳамин Наврӯзи тоҷикон ва қавмҳои ориёӣ ҷаҳонӣ шуд. Наврӯз рамзи бузурги фарҳанги мардуми ориёинажод аст, ки дар паҳнои азиме аз кӯҳҳои сар ба фалаккашидаи Помир то халиҷи Форс ва аз он то   Чину Ҳинду Покистон ва дар фаровези он то Мисру Аврупо таърихан нақши худро дар тамаддуни башарият гузоштааст. Таърихи ҷаҳонишавии Наврӯз дар Эрони бостон ва Мисру Юнон, Туркия ва Курдистон, Ҳинду Чин, сарфи назар аз дину мазҳаб,  Наврӯзро чун ҷашни зебоӣ, баҳор, зиндашавии табиат, оғози кишту кор дӯст медоранд ва пазироӣ мекунанд. Соли 2008 барои ҷаҳонигардонии Наврӯз талошҳои тозаи муштараки Тоҷикистону Эрон дар шаҳри Теҳрон дар сатҳи байналмлалӣ ба вуқӯъ пайваст. Сари ин қазия машварату мувофиқаи пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон ва олимону таърихшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷумҳуриҳои Озорбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Покистон, Афғонистон ва соири кишварҳои арабу аҷам сурат гирифт. Наврӯзи ҷаҳонишударо дар сарзамини биҳиштосоямон бо ифтихори баланди миллӣ  ҷашн гирифта, ба ҳайси мероси бузурги фарҳангиамон бо тамоми зебоиҳояш пешкаши ҷаҳониён гардонидан имкон дорад. Месазад дар ин рӯзҳои арафаи наврӯзӣ аз баҳои таърихан ба Наврӯз додаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки фармудаанд: «Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини  таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонии ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, зебоӣ, расму оин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст». Ба гуфти  директори Пажӯҳишгоҳи Шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷикистон Кароматулло Олимов,  ҷаҳонишавии Наврӯз. пойгоҳе хоҳад шуд барои наздикшавӣ, ҳамдигарфаҳмии қавму миллатҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ.  

Март 11, 2010 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад