НОЗИРОНИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ БА ИНТИХОБОТ БАҲОИ БАЛАНД ДОДАНД

Март 1, 2010 13:44

Душанбе,  1 март. (АМИТ «Ховар»,  Фирдавс  Таваров). —  Имрӯз,  1  март  дар  Маркази  матбуоти   ҷумҳуриявии  «Иттилоот ва   муошират»  мулоқоти  ҳайати  нозирони  мамлакатҳои  Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  бо  намояндагони  васоити  ахбори оммавӣ  баргузор  гардид. Нозирони  мамлакатҳои  ИДМ  ба  саволҳои  хабарнигорон  дар  бораи   ҷараёни  интихоботи  вакилони  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси   олии  ҷумҳурӣ  ҷавоб  доданд. Тавре  хабар  дода шуда буд,  ҳайати  намояндагони  мамлакатҳои  ИДМ  аз  4  феврал  ба  кор  шурӯъ карда буд. Раиси  хайати  нозирон  Сергей  Лебедев   зикр  кард,  ки  интихоботи вакилони  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  олӣ ва маҷлисҳои   маҳаллии  вакилони  мардумӣ  мувофиқи  Қонуни  асосии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  қонунгузории  амалкунандаи  марбут ба  интихобот  ва  мувофиқи  принсипи  демократӣ  баргузор  гардиданд.  Ҳайати  намояндагони мамлакатҳои  ИДМ  изҳор  намуд, ки  интихоботи  парлумони  Тоҷикистон  дар  тамоми  минтақаҳои  мамлакат  ба  таври  озоду  шаффоф  ва  муташаккилона   баргузор  гардид.

Март 1, 2010 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад