ОҒОЗИ САФАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН БА ҶТ
Субҳи имрўз 18 марти соли 2010 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат баргузор гашт. Ба ин муносибат дар саҳни ҳавлии Қасри Миллат парчамҳои давлатии Тоҷикистону Туркманистон афрохта шуда, Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф ороста буданд. Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ фармондеҳи Горди фахрӣ ба меҳмони олимақом гузориш дод ва сурудҳои миллии ҳарду давлат садо доданд. Дар ҳамин вақт садои шиликҳои тупхона дар фазо танинандоз шуд, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст. Баъд аз он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов аз назди ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон гузашт карданд. Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон бо нимтаъзим эҳтиром ба ҷо оварда, ба ҷузъу томҳои горди фахрӣ арзи салом намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб аз наздик шинос шуданд. Дар маросими истиқболи расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ҳамчунин намояндагони сершумори корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд. Маросими истиқболи расмӣ бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони ду давлат ба поён расид. Масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон нахуст дар сўҳбати як ба яки сарони ду давлат ва сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар баррасӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






