ОЛИМОНРО БА КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ МЕФИРИСТАНД
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳар як корхона ва муассисаҳои истеҳсолӣ дар шароити имрўзаи тараққиёти илму технология ниёз ба илм ва коркардҳои илмии олимон дорад. Аз ин рӯ, шароити кунунӣ тақозо мекунад, ки робитаи байни илму истеҳсолот беш аз пеш равнақ ёбад. Ин масъала дар мизи муаввари директорони пажўҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии самти илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ҳукумати шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Иштирокдорони ин мизи мудаввар ба хулоса омаданд, ки дар зинаҳои аввали равобит бояд гурўҳҳои корӣ ташкил гардида, олимон аз рўи тахассус ва самти фаъолияти худ ба корхонаҳои дахлдор равон карда шаванд, то заминаи ҳамкориҳоро дар сари коргоҳ бунёд гузоранд. Мушкилоте, ки дар корхона вуҷуд аст, бо чашми худ бубинанд ва роҳи ҳалли онро пешкаш намоянд. Дар мизи мудаввар ҳамчунин, роҷеъ ба масоили ба назар гирифтани талаботу пешниҳодот, ҷалби корхонаҳои хурд, институти иқтисодии АИ ҶТ дар ин самт, бунёди корхонаҳои муштараки таҷрибавӣ дар назди пажўҳишгоҳҳо, ки боиси коркарди маҳсулоти нав ва технологияи пешрав мегардад, табодули назар карда шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






