ОЗМУНИ «ГУЛРЕЗ» ДАР АРАФАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Март 19, 2010 14:13

Файзобод, 19 март, (АМИТ «Ховар»,Зебо Давлатова).-Роҳбари гурӯҳи мақсадноки омӯзишгоҳи тиббии шаҳри  Ваҳдат дар назди беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод Рустам Аҳмадов ба хабарнигори АМИТ»Ховар» гуфт,ки бахшида ба иди Наврӯз озмуни «Гулрез» дар байни гурӯҳҳои бахшҳои 2 ва 3 баргузор мегардад.Дар озмун намояндаи кумитаи кор бо ҷавонон,варзиш ва сайёҳии назди мақомоти  иҷроияи ноҳия Валамат Ғаюрбекова,сардухтури беморхонаи марказӣ Кароматулло Шарипов ва аъзоҳои ҳакамон иштирок мекунанд.Бояд гуфт,ки дар озмун ороиши дастурхон,қироати шеър,расонидани ёрии аввалини тиббӣ,рақси якка,аллаи модар ба маърази тамошобинон пешниҳод мегардад.Ба ғолибони озмун аз ҷониби кумитаи кор бо ҷавонон ,варзиш ва сайёҳии назди мақомоти иҷроияи ноҳия тӯҳфаҳо пешниҳод карда мешавад.Рустам Аҳмадов қайд кард,ки дар ҳамин рӯзи 19 бо дастгирии сардухтури беморхона Кароматулло Шарпов дар саҳни беморхона ҷашни Наврӯзӣ бо тамоми суннатҳояш пешвоз гирифта мешавад.Бо маблағи 1000 сомонӣ ба 6 нафар фарзандони камбизоати беморхона сару либос гирифта тӯи суннатии онҳоро гузаронида мешавад.Дар ин базмгоҳи Наврӯзӣ ҳунармандони қасри фарҳанги ноҳия хотири ҷаъомадагонро шод менамоянд.

Март 19, 2010 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад