ПАДИДАИ НОДИР ДАР ҲАЁТИ СОЗМОНИ МУДОФАВИИ ТОҶИКИСТОН

Март 15, 2010 14:10

Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Дунёи беҳудуди Интернет бо афкори ватандӯстона ва таърихномаи пуршарафи ҷамъияти ватанпарастони тоҷик рангинтар шуд. Дар арафаи таҷлили ҷашни 83 – солагии таъсиси созмони  мудофиавии кишвар дар таърихномаи мавҷудияти он боз як рӯйдоди пураҳамият ба вуқӯъ пайваст. Бо назардошти он ки имрӯз доираи истифодаи Интернет дар зиндагии рӯзмарраи муосир ба ҷузъи муҳим табдил ёфтааст, созмони мудофиавии Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонӣ сайти интернетии худро таъсис дод. Мавриди зикр аст, ки сайти интернетӣ низ расонаи хабарӣ ба шумор рафта, минбари пахши иттилоот ва таблиғу ташвиқ мебошад. Аз он хотир, ки назар ба муштариёни рӯзномаву бинандагону шунавандагони телевизиону радио, шумораи алоқамандони Интернет босуръат дар афзоиш аст, ҳамаи идораву ташкилотҳо ҳамакнун тасмим гирифтаанд, аз имкониятҳои ин «тортанаки ҷаҳонӣ» васеъ истифода намоянд.  Акнун дар тамоми гӯшаи сайёра, он ҷое, ки  алоқаи интернетӣ дастрасу қобили дарёфт аст, метавон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар бораи ҷамъияти ватандӯстони Тоҷикистон хабару маълумот дарёфт намуд. Сифати ороиш ва ҷобаҷогузории бахшҳои сайт дар сатҳи ҷаззобу диққатҷалбкунанда анҷом дода шуда, аксҳои гуногун, ки бозгӯкунандаи самтҳои ойинномавии фаъолияти ташкилот мебошанд, ин сомонаи интернетии меҳанпарастони мамлакатро рангин сохтаанд. www. tjmm. tj  аз бахшҳои зерин иборат аст: Саҳифаи асосӣ – матлабҳои муҳим, матни суханрониҳои роҳбарияти ташкилот ва сохторҳои вилоятии онро фаро гирифтааст. Ахбор – чашмаи  саршори иттилоот аз ҳаёти ташкилот мебошад. Таърих – гузаштаи таърихии ташкилотро пешорӯи меҳмони сомонаи интернетӣ мегузорад. Таблиғи ватанхоҳӣ – дар хусуси саҳмгузории ташкилот дар самти тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии шаҳрвандони ҷумҳурӣ маълумот медиҳад. Омодасозии мутахассисон – бозгӯкунандаи фаъолияти ташкилот дар бахши тайёр намудани мутахассисон барои эҳтиёҷоти артиш ва хоҷагии халқи кишвар мебошад. Варзиш —  аз рушди намудҳои ҳарбӣ – амалӣ ва техникии варзиш, клубҳои варзишии ташкилот ва таърихномаи варзишии он  иттилоъ медиҳад. Федератсияи варзиши ҳавопаймоӣ – фарогири мавзӯъҳои тайёр намудани  дастаи миллии варзишгарони парашютчӣ, таърихи пуршарафи клуби миллии ҳавопаймоӣ, пойгоҳи техникии он мебошад. Асарҳо —  матни пурраи чанд китобҳое, ки мазмуни моҳияти ватандӯстона дошта, ба мавзӯъҳои мудофиаи Ватан, таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бахшида шудаанд, пешорўи хонанда мегузорад. Маҷаллаи «Сарбоз» — варианти электронии чанд шумораи ин маҷаллаи ҳарбӣ – ватандӯстии Тоҷикистонро бо мӯҳтавои комили он дар бар гирифтааст. Рӯзномаи «Инсон ва Қонун» — имкони он вуҷуд дорад, ки саҳифаҳои ин рӯзномаи ҳуқуқиро дар  Интернет низ варақ зада, бо матолиби он ошноӣ пайдо намоед. Рӯзномаи «Ватанпарвар» — минбари ватандӯстони Тоҷикистон акнун дар Интернет низ дастрас аст. Ҳамчунин истифодабарандагони www. tjmm. tj метавонанд бевосита ба сайтҳои  ДОСААФ – ҳои Федератсияи Россия ва ҷумҳурии Белоруссия пайваст шуда, аз навгониҳои ҷамъиятҳои мудофиавии ин кишварҳо  низ огоҳӣ пайдо менамоянд.  

Март 15, 2010 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд