ПАРЛУМОНИ НАВ БА МУҲОКИМАИ ҚОНУНҲО ШУРӮЪ КАРД

Март 29, 2010 16:02

Душанбе, 29 март.  (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 29 марти соли 2010 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтирооти махфӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қисми дуюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар хусуси Созишнома оид ба ҳифзи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, Дар хусуси Созишнома оид ба принсипҳои асосии ташкили системаи идоракунии пинҳонии қувваҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалии карантин ва ҳимояи растанӣ, Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома дар бораи ҷорӣ намудани қоидаҳои техникии глобалӣ барои воситаҳои нақлиёти чархдор, ашёи таҷҳизот ва қисмҳое, ки метавонанд дар воситаҳои нақлиёти чархдор насб карда ва ё истифода бурда шаванд, Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишномаи арупоӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалии борҳои хатарнок бо роҳҳои автомобилгард, Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишномаи аврупоӣ вобаста ба фаъолияти экипажҳои (сарнишинони) воситаҳои нақлиёт, ки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро иҷро менамоянд, Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мувофиқаи шартҳои гузаронидани назорати бор дар сарҳадот ва Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба ҳамлу нақли байналмилалии маҳсулоти зудвайроншавандаи озуқа ва оид ба воситаҳои нақлиёти махсуси барои ин намуди боркашонӣ таъингардида мавриди баррасии аъзои Шуро қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки лоиҳаҳои Қонунҳои мазкур бо мақсади рушду густариши тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва дар радифи ҷаҳони муосир қарор гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Қисме аз масъалаҳои дар Шӯро муҳокимагардида барои хулосабарорӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва қисми дигар ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон ирсол гардиданд.

Март 29, 2010 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад