ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Субҳи имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаи якуми иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Амир Қароқулов ифтитоҳ карда, 63 нафар вакилони интихобшударо муаррифӣ намуд. Сипас, рӯзномаи кори ҷаласа тасдиқ карда шуд. Дар бораи инъикоси рафти ҷаласа вакил Маҳмадшариф Ҳақдодов гузориш дода, пешниҳод кард, ки ҷаласа дар барномаҳои радио ва телевизион фишурда ва дар рӯзномаи «Садои мардум» ба таври пурра, инчунин тавассути АМИТ «Ховар» дар дигар рӯзномаю ҳафтаномаҳо аз натиҷаи кори ҷаласа хабару гузоришҳо чоп карда шаванд. Ин пешниҳод аз ҷониби кулли вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт. Масъалаи аввали рӯзномаи ҷаласа интихоби ҳайати Комиссияи муваққатии баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоби мақомоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баррасӣ шуд ва вакилон Фелалиев Акрамшо, Ҷабборова Марҳабо, Муқумова Сабоҳат, Салимзода Олим, Холов Саттор, Абдуҷалол Салимов ва Сафар Амирхонро ба ҳайати комиссия пешниҳод ва тасдиқ карданд. Вакил Шермуҳаммад Шоҳиён номзадии Шукурҷон Зуҳуровро ба вазифаи раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард. Вакил Акрамшо Фелалиев низ бо ҷонибдорӣ аз номзадии Ш.Зуҳуров ба мақоми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ӯ шахси арзандаю сазовор аст, зеро дар тамоми зинаҳои фаъолият таҷрибаи намунавии роҳбарӣ ва маҳорати баланди касбӣ нишон додааст. Вакилон Саиди Ёқубзод ва Галия Рабиева ҳам номзадии Ш.Зуҳуровро дастгирӣ карда, аз аъзои парлумон даъват ба амал оварданд, ки ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд. Бо ҷонибдории 63 нафар вакил Ш.Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Бо пешниҳоди Раиси МНМО Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров Амиршо Миралиев муовини аввал, Ғаффорова Назира ва Шаҳбозов Мирганд мовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич, Раиси Кумита оид ба мудофиа, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович, Раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экологияи МН МО Саиди Ёқубзод, Раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Олим, Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова, Раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Сафаралӣ, Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон Катаев Амир, Раиси Кумитаи оид ба назорати дастур ва ташкили кори МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомов Азизмад ва Раиси комиссия оид ба одоби вакилони МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзода интихоб шуданд. Ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раис, муовини аввал, муовинон ва раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуданд. Дар хотима Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ карда, ба вакилон дар таҳияи қонунҳои наву таконбахши раванди бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон муваффақиятҳо таманно намуд.