ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН БА ДУШАНБЕ ОМАД

Март 18, 2010 10:11

Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар»,  Фарангис  Раҳимова ). —  Президенти  Туркманистон  Қурбонгулӣ  Бердимуҳаммадов  субҳи  имрӯз барои боздиди расмии  давлатӣ ба  Душанбе омад. Меҳмони  олиқадрро  дар   фурудгоҳи байналмилалии  пойтахти  Тоҷикистон  сарвазири  мамлакат  Оқил Оқилов  ва  шахсони дигари расмӣ  пешвоз  гирифтанд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  сафари давлатии  Президенти  Туркманистон  дар  Тоҷикистон  аз  имрӯз  оғоз  меёбад. Дар  фарҷоми  сафар   имзои  7  ҳуҷҷати байнидавлатию  байниҳукуматӣ ба нақша  гирифта шудааст.

Март 18, 2010 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд