РӮЙХАТИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ ВИЛОЯТӢ ЭЪЛОН КАРДА НАШУД

Март 4, 2010 16:42

Хуҷанд,  4 март. (АМИТ «Ховар»,  Санавбар  Мақсудова). —  Раиси  комиссияи  интихоботи Маҷлиси вакилони мардумии вилояти   Суғд  Наим  Маликисломов   зимни  сӯҳбат  бо  хабарнигорон  гуфт, ки   28  феврал  дар  вилояти  Суғд  аз  130   номзади  вакили Маҷлиси мардумии вилоят 67 нафар  интихоб  шуд. Барои  гузаронидани  интихобот  дар  вилоят  70 қитъаи  интихоботӣ  ташкил   карда шуд.  Рӯзи  интихобот   мебоист  70 вакили   Маҷлиси вилоят интихоб  карда  мешуд. Вале  аз  сабаби    он, ки дар  қитъаҳои  интихоботии  № 9  шаҳри  Исфара,  № 17 шаҳри  Конибодом  ва  № 31 шаҳри  Истаравшан ягон  номзад  миқдори  зарурии   овозҳоро  ба  даст оварда навтонист, дар ин қитъаҳо овоздиҳии   такрорӣ   гузаронида  мешавад. Қайд  карда шуд, ки  аз  67   вакили  интихобшудаи  Маҷлиси  вилоят  1  нафар  узви  Ҳизби  агарарӣ,  2  нафар  узви Ҳизби  коммунист,  2  нафар ғайриҳизбӣ  ва  62  нафари  дигар  аъзои Ҳизби халқии  демократӣ   мебошанд.  12  нафари   вакилон  занонанд. Аз  ҷумлаи  вакилони  интихобшуда  60  нафар  тоҷик ва  7  нафар ӯзбек  мебошанд. Н.Маликисломов   зикр  намуд, ки   рӯйхати  вакилони  ба  Маҷлиси  мардумии вилоят  интихобшуда  алҳол қироат   карда намешавад ва  дар  яке  аз  шумораҳои наздиктарини рӯзномаю  ҳафтаномаҳои  вилоятӣ  чоп  карда  хоҳад  шуд.

Март 4, 2010 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд