РАИСИ ШАҲРИ ХУҶАНД ИНТИХОБ ШУД
Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Иҷлосияи нахустини Маҷлиси вакилони мардумии шаҳри Хуҷанд, ки имрӯз баргузор гардид, ваколатҳои вакилони Маҷлиси шаҳрро тасдиқ намуд. Дар иҷлосия раиси комиссияи интихоботии шаҳр М.Аҳмадзода маърӯза кард. Вакилон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 6 марти соли 2010 «Дар бораи раиси шаҳри Хуҷанд таъин намудани Содиқ Мирхолиқов» тасдиқ намуданд. Инчунин дар иҷлосия комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони мардумии шаҳр ташкил дода, ҳайатҳои онҳо тасдиқ карда шуданд. Вакилон баъдан қарорҳои раиси шаҳрро, аз ҷумла дар бораи озод намудани Домуллоҷон Ҷабборов аз вазифаи муовини аввали раиси шаҳр бо сабаби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ интихоб шудани ӯ тасдиқ карданд. Вакилон бо роҳи овоздиҳии махфӣ номзадии Анвар Ҷалиловро аз округи дуюми интихоботии вилояти Суғд ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ пешбарӣ намуданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






