РАИСОНИ КУМИТАҲО ВА КОМИССИЯҲОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ИНТИХОБ ШУДАНД

Март 16, 2010 17:38

 Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Марзия  Саидова). —  Имрӯз  дар  маҷлиси  нахустини  иҷлосияи  аввали  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  тибқи  пешниҳоди  раиси  Маҷлиси  намояндагон   Шукурҷон  Зуҳуров  раисони   Кумитаҳо  ва  комиссияҳои  Маҷлиси  намояндагон интихоб  карда шуданд.  Аз  ҷумла,  Маҳмадалӣ  Ватанов  раиси Кумитаи  қонунгузорӣ  ва  ҳуқуқи  инсон, Шермуҳаммади  Шоҳиён  раиси  Кумитаи  тартиботи  ҳуқуқӣ,  мудофиа  ва  амният,  Сафаралӣ  Худоёрович  Раҷабов  раиси  Кумитаи  иқтисод  ва  молия, Сафаралӣ  Раҷабов —  собиқ вазири  маориф   ва  вакили Маҷлиси  намояндагон   раиси  Кумитаи  сохтори  давлатӣ  ва  худидораи  маҳаллӣ  интихоб  шуданд. Ба  Кумитаи  масъалаҳои  аграрӣ ва экология вазири  собиқи  мелиоратсия  ва  захираҳои  оби  ҷумҳурӣ Саиди  Ёқубзод  ва ба  Кумитаи  масъалаҳои  байналмилалӣ   созмонҳои  ҷамъиятӣ ва  иттилоот  вакили  палатаи  поёнии  Парлумон Олим  Салимзода роҳбарӣ  мекунанд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  дар  иҷлосия  Марҳабо  Ҷабборова  раиси  Кумитаи  илму   маориф,  фарҳанг ва  сиёсати  ҷавонон,  Хайринисо  Юсуфӣ  раиси  Кумитаи  масъалаҳои  иҷтимоӣ,  проблемаҳои  оила ва  тандурустӣ, Амир Катаев  раиси  Кумитаи энергетика,  саноат,  сохтмон ва  коммуникатсия,  Азизмат  Имомов   раиси  комиссияи  назорати дастур ва ташкилӣ кор ва  Давлаталӣ  Давлатзода  раиси  комиссияи  одоби вакилон интихоб  гардиданд. 

Март 16, 2010 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст