СӮҲБАТИ ВАЗИРИ ИҚТИСОДИ АФҒОНИСТОН БО ХАБАРНИГОРОН

Март 18, 2010 10:04

Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Шоми  дирӯз  вазири  иқтисоди Давлати  Исломии  Афғонистон  Абдулҳодӣ  Аргандавол баъди  мулоқоташ  бо  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  намояндагони  воситаҳои  ахбори оммавӣ мухтасар   сӯҳбат  карда,  ба баъзе  саволҳои онҳо  ҷавоб  дод.    Вай  зикр  кард, ки   зимни  сӯҳбат бо  Президент  масъалаҳои  марбут ба  рушди  ҳамкории  тиҷоратию  иқтисодии Тоҷикистону  Афғонистонро  мавриди баррасӣ  қарор  додааст.  Қайд  карда шуд, ки  дар  маҷлиси  комиссияи  байниҳукуматии  ҳамкории тиҷоратию  иқтисодии  ҳар  ду  кишвар   масъалаҳои  ҳамкорӣ  дар  соҳаҳои  энергетика,  сохтмони   роҳҳои  оҳан,   ривоҷ  додани тиҷорат  дар байни  ҳар ду  кишвар   муҳокима  шуданд. Намояндагони  Тоҷикистону  Афғонистон  ба  сохтмони   роҳи  оҳан  дар байни  Тоҷикистону  Афғонистон,  Покистону  Эрон  ва кашидани  хати баландшиддати   интиқоли   қувваи барқ  дар байни Тоҷикистон  ва  вилоятҳои  шимолии  Афғонистон   диққати  махсус доданд. А.Аргандавол     дар  фарҷоми  сӯҳбат  изҳор  намуд, ки Тоҷикистону  Афғонистон  барои равнақу  ривоҷи  ҳамкорӣ дар  ҳамаи  соҳаҳои  иқтисодиёт  имкониятҳои  фаровон  доранд.

Март 18, 2010 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд