СӮХТОР ДАР МАРКАЗИ ДИЛЕРӢ
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Шаби 4 март дар нуқтаи маркази дилерии ҶСК «Тоҷиктелеком» воқеъ дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон сӯхтор ба амал омад. Тавре аз маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми сӯхор дар масоҳати 54 метри мураббаъ шифту ноқилҳои барқӣ ва компютер сӯхта корношоям гашт. Сабаби ба амал омадани сӯхтор дар асоси расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар блоки системавии компютер мебошад. Гунаҳкори сар задани сӯхтор корманди маркази мазкур Маҳина Саидова дониста шудааст. Зарари аз сӯхтори ба амал омада маблағи 2 ҳазору 500 сомониро дарбар мегирад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






