СӮХТОР ДАР РӮЗИ ИД
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 19 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии умумии 65 ҳазору 55 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ Кароматулло Абдуллоев, масоҳати умумии сӯхторҳо 467 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Дар давоми ҳафта дар вилояти Суғд – 11, вилояти Хатлон – 1, шаҳри Душанбе – 5, ноҳияи Ҳисор ва Ваҳдат — 1 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Чунин ҳодиса 8 марти соли равон аз беэҳтиётона истифода бурдани гармидиҳандаҳои худсоз сабаби ба амал омадани сӯхтор дар манзили истиқоматии шаҳрванд Елена Шеяноваи 45 сола гардид. Ҳангоми сӯхор дар масоҳати 7 метри мураббаъ молу амволи хона сӯхта зарар дид. Зарар аз сӯхтор 430 сомониро ташкил медиҳад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






