«САҲЕҲ»-ЭЪТИМОДНОКТАРИН САРЧАШМАИ ҲАДИСҲО

Март 12, 2010 13:24

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 1200-солагии Имом ал-Бухорӣ ва аз ҷониби Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф  эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010 конфронси илмӣ-ҷумҳуриявии «Имом ал-Бухорӣ ва илми ҳадис» баргузор гардид. Дар конфронс олимон, муҳаққиқон, намояндагони корпусҳои дипломатии хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии мустақар дар Душанбе иштирок ва маърӯза карданд. Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов роҷеъ ба нақш ва ҷойгоҳи Имом ал-Бухорӣ дар фарҳангӣ исломӣ маърӯза карда, зикр намуд, ки бузургтарин кори ин фақеҳи Ислом он аст, ки ҳадисҳои саҳеҳро аз ҳадисҳои ғайри саҳеҳ ҷудо намуд, ки то имрӯз касе ба онҳо шакку шубҳа накардааст. Дар ҷаҳони Ислом китоби «Саҳеҳ»-и ал-Бухорӣ нақш ва мақоми хос дошта, баъд аз Қуръони Маҷид дар радифи саҳеҳтарин китобҳои исломӣ қарор дорад. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ паёми дабири кулли Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) Абдулазиз ал-Твайҷирӣ ба иштирокдорони конфронсро қироат намуда, гуфт, ки бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мақоми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳони Ислом сол то сол боло рафта, нуфузу эътибори хос пайдо менамояд. Аз ҷониби ИСЕСКО эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010 ва баргузории Конфронси байналмилалӣ бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он зиёда аз 150 олимону муҳаққиқон аз 50 давлати ҷаҳон иштирок намуданд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Иштирокдорони конфронс нақши ал-Бухориро бо осори безаволаш дар боло бурдани номи тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ муассир арзёбӣ намуда, «Саҳеҳ»-и ӯро аз сарчашмаҳои муфид ва эътимодноктарин унвон карданд.  

Март 12, 2010 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!