САҲМГУЗОРИИ РӯЗНОМАНИГОРОН ДАР ПЕШГИРИИ КАСАЛИИ СИЛ

Март 12, 2010 13:22

Душанбе, 12  март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). —  Равшанӣ андохтани масъалаҳои марбут ба бемории сил ва ҳавасманд намудани саҳмгузории рӯзноманигорон дар пешгирӣ ва назорати касалии сил,  дар шаҳри Кӯлоб семинари кории дурӯза барои намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Тарве аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд,  семинар аз ҷониби Маркази Ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил бо дастгирии Лоиҳаи ХОУП/барномаи “Аутрич – дар ҳифзи саломатӣ” ва кӯмаки молиявии USAID ташкил карда шудааст. Семинар ба нақши рӯзноманигорон дар созмон додани ҷамъияти мубориза алайҳи бемории сил, инчунин барои мусоидат намудан ба дарку фаҳмиши амиқи масъалаҳое, ки ба ин бемории хавфнок тааллуқ доранд, хусусан ҳамбастагии СИЛ/ВИЧ, бахшида шудааст. Дар семинар маълумоти асосӣ дар бораи бемории сил, сатҳи беморӣ дар минтақаи Кӯлоб ва натиҷаҳои Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил, ки аз ҷониби роҳбари Маркази Вилоятии мубориза бар зидди бемории сил манзур шуда буд, шунида шуд. Дар семинар инчунин мушкилоти роҳу усулҳои таҳвили маълумот оиди бемории сил ва СИЛ/ВИЧ муҳокима гардид. Дар доираи барномаи «Аутрич дар ҳифзи саломатӣ» ба гурӯҳҳои осебпазире, ки зери хавфи баланди сироятёбӣ ба ВНМО ва бемории сил қарор доранд, кӯмаки техникӣ ва хизматрасонии бевоситаи иҷтимоӣ расонида мешавад.   Бояд қайд намуд, ки  Барнома дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва вилояти Суғд амалӣ мешавад. Дар асоси таҳлили натиҷаҳои фаъолият ва таҷрибаи чандинсолаи ҳамкорон аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки бо гурӯҳҳои осебпазир сарукор доранд, барнома усулҳои самароноктарини густариши тадбирҳои минтақавии табобати ВНМО ва бемории силро дар якҷоягӣ истифода мебарад.  Барномаи «Аутрич дар ҳифзи саломатӣ» дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохила ва сохторҳои маҳаллӣ созмонҳои ғайриҳукуматиро ҷиҳати фарогирии бештари гуруҳҳои осебпазир бо як қатор хизматрасониҳои хайрхоҳонаи пешгирӣ, ташхис ва табобати ВНМО ва бемории сил дастгирӣ менамояд.  

Март 12, 2010 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад