САҲМГУЗОРИИ РӯЗНОМАНИГОРОН ДАР ПЕШГИРИИ КАСАЛИИ СИЛ
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Равшанӣ андохтани масъалаҳои марбут ба бемории сил ва ҳавасманд намудани саҳмгузории рӯзноманигорон дар пешгирӣ ва назорати касалии сил, дар шаҳри Кӯлоб семинари кории дурӯза барои намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Тарве аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, семинар аз ҷониби Маркази Ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил бо дастгирии Лоиҳаи ХОУП/барномаи “Аутрич – дар ҳифзи саломатӣ” ва кӯмаки молиявии USAID ташкил карда шудааст. Семинар ба нақши рӯзноманигорон дар созмон додани ҷамъияти мубориза алайҳи бемории сил, инчунин барои мусоидат намудан ба дарку фаҳмиши амиқи масъалаҳое, ки ба ин бемории хавфнок тааллуқ доранд, хусусан ҳамбастагии СИЛ/ВИЧ, бахшида шудааст. Дар семинар маълумоти асосӣ дар бораи бемории сил, сатҳи беморӣ дар минтақаи Кӯлоб ва натиҷаҳои Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил, ки аз ҷониби роҳбари Маркази Вилоятии мубориза бар зидди бемории сил манзур шуда буд, шунида шуд. Дар семинар инчунин мушкилоти роҳу усулҳои таҳвили маълумот оиди бемории сил ва СИЛ/ВИЧ муҳокима гардид. Дар доираи барномаи «Аутрич дар ҳифзи саломатӣ» ба гурӯҳҳои осебпазире, ки зери хавфи баланди сироятёбӣ ба ВНМО ва бемории сил қарор доранд, кӯмаки техникӣ ва хизматрасонии бевоситаи иҷтимоӣ расонида мешавад. Бояд қайд намуд, ки Барнома дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва вилояти Суғд амалӣ мешавад. Дар асоси таҳлили натиҷаҳои фаъолият ва таҷрибаи чандинсолаи ҳамкорон аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки бо гурӯҳҳои осебпазир сарукор доранд, барнома усулҳои самароноктарини густариши тадбирҳои минтақавии табобати ВНМО ва бемории силро дар якҷоягӣ истифода мебарад. Барномаи «Аутрич дар ҳифзи саломатӣ» дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохила ва сохторҳои маҳаллӣ созмонҳои ғайриҳукуматиро ҷиҳати фарогирии бештари гуруҳҳои осебпазир бо як қатор хизматрасониҳои хайрхоҳонаи пешгирӣ, ташхис ва табобати ВНМО ва бемории сил дастгирӣ менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






