САҲМИ «САДОИ ШАРҚ» ДАР ТАРБИЯИ ХОНАНДАИ ИМРӮЗА

Март 15, 2010 16:35

 Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муҳокимаи фаъолияти яксолаи маҷаллаи «Садои Шарқ» баргузор гардид, ки дар он аҳли илму адаби ҷумҳурӣ иштирок намуда, сухан карданд. Дар баромади раиси иттифоқ Меҳмон Бахтӣ  зикр гардид, ки маҷаллаи «Садои Шарқ» яке аз бонуфузтарин нашрия дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, зиёда аз 80 сол аст, ки дар саҳифаҳои он беҳтарин асарҳои адабӣ, очерку маводҳои танқидӣ ва публисистӣ ҷой дода мешаванд. Қайд карда шуд, ки дар давоми истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ  дар маҷалла 540 асари адабӣ нашр гардидаст. Соли гузашта маҷалла бештар романҳои Урун Кӯҳзод, Абдулҳамид Самадов ва Шоҳмузаффар Ёдгориро чоп карда, исбот намуд, ки дар тарбияи хонандаи имрӯза ҳиссагузор аст. Шӯъбаи очерк ва публитсистикаи маҷалла  бошад беҳтарин маводро оиди иншоотҳои тақдирсоз пешкаши хонандагон намуд. Дар ҷамъомад ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ баромад намуда, дар бораи баъзе норасоиҳо, аз ҷумла камбудиҳои техникии чопи маҷалла сухан намуд. Ӯ қайд кард, ки баъзан  дар саҳифаҳои «Садои Шарқ» шеърҳое чоп мешаванд, ки ниёзҳои хонандагон ва ҳаводорони назмро қонеъ гардонида наметавонанд. Зикр гардид, ки дар оянда маҷалла бояд аз лиҳози сифати чоп беҳтар гардонида шавад. Бояд гуфт, ки маҷаллаи «Садои Шарқ» аз соли 1927 дар ҷумҳурӣ нашр мегардад. Соли 2005 бо амри Президенти кишвар маҷаллаи мазкур нашрияи миллии адабӣ эълон карда шуд. Аз соли 2006 инҷониб маҷалла моҳе як маротиба  чоп мешавад. Алҳол сармуҳаррири он нависанда Ҷонибеки Акобир буда, инчунин дар маҷалла 10 нафар фаъолият менамоянд.

Март 15, 2010 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад