САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН АНҶОМ ЁФТ

Март 19, 2010 16:54

Душанбе,  19 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Баъди  чошти  имрӯз сафари  давлатии Президенти Туркманистон  Қурбонгулӣ  Бердимуҳаммадов  дар  Тоҷикистон  ба охир  расид. Дар  фарҷоми  сафари   Президенти ин  мамлакати  бо мо  дӯст шаш  ҳуҷҷати   байниҳукуматии  ҳамкорӣ  имзо  карда шуд. Президенти  Туркманистон  имрӯз  инчунин   ҳамроҳи  Сарвари давлати  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар  ноҳияи  Данғара  дар  тантанаҳои бахшида ба  иди байналмилалии  Наврӯз ширкат  варзид. Вай  ҳозиронро   ба  муносибати   иди  баҳор   табрик  намуда,  зикр  кард, ки  мардуми  туркман  ҳам   Наврӯзро  бо тамоми   суннатҳояш  ҷашн  мегирад. Наврӯзи  оламафрӯз  иди   умумии  халқҳои  Осиёи  Марказӣ  буда,   онҳоро  ба  ҳамдигар  наздиктару   қаринтар  мегардонад. Нависандагону  шоирони   тоҷик  ва  туркман  дар  асарҳои  худ   Наврӯзи  оламафрӯзро  бо  тамоми  нозукиҳояш  васф  кардаанд. Шоирони   классики  тоҷик  Рӯдакӣ, Фирдавсӣ,  Хайём, Ҳофиз ва  шоири туркман  Махтумқулӣ асарҳои  худро ба  мавзӯзъҳои  Наврӯзу  баҳор,  дӯстӣ  ва  инсонпарварӣ  бахшидаанд. Халқҳои  туркман  ва тоҷик  имрӯз  анъанаҳои  неки   ниёгони  худро   давом  медиҳанд.  Ба  ин   густариши   муносибатҳои  ҳамаҷонибаи  Туркманистон  ва  Тоҷикистон  равшан  шаҳодат  медиҳад. Боварии  комил  дорам, ки  вусъати   равобити  дӯстонаи  халқҳои туркман  ва  тоҷик  ҷавобгӯӣ манфиатҳои  куллии   ҳар  ду  кишвари  ба  ҳам  дӯст  мебошад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  Президенти  Туркманистон  баъди  чошти  имрӯз  аз  Душанбе  ба  ватан  баргашт.                              

Март 19, 2010 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад