САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ШАҲРИ ВАҲДАТ

Март 16, 2010 07:43

15 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар оғози корҳои барқарорсозии боғу токзор ва ибтидои сохтмони нақби мошингарди Чормағзак ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард. Дар минтақаи Чормағзаки шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст якчанд навниҳол аз ангўр ва дигар дарахтон шинонда, ба барқарорсозии боғу токзори 738 – гектраи «Ёқут-боғбунёд» оғози расмӣ бахшид. Зимни сўҳбат иттилоъ дода шуд, ки боғу токзори ин минтақа бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ширкати Ёқут-2000 бояд дар мўҳлати 2 соли оянда пурра барқарор карда шавад. Дар ҳамин мавсими ниҳолшинонӣ дар майдони 32 гектар токзор ва 20 гектар боғ бунёд мешавад, то охири сол бошад 120 гектар боғу токзор барқарор шуда, 10 гектар боғи нав бунёд меёбад. Аз тирамоҳи соли равон сар карда, дар майдони 283 гектари дигари барои ин боғ ҷудошуда, ки айни ҳол  гандуми тирамоҳӣ кишт шудааст, боғу токзор бунёд мегардад. Ба гуфти мутахассисон имкон ҳаст, ки дар майдони 1300 гектари ҳамин минтақа боғу токзори хуб бунёд карда шавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ширкати Ёқут-2000 ва масъулину мутахассисони дахлдор дастур дод, ки дар ин мавзеи хушбоду ҳаво асосан навъҳои содиротии ангўр, себ, нок, олу ва дигар меваҳои хушлаззат парвариш карда шаванд. Ҳамчунин дастур дод шуд, ки барои деҳқонону боғпарварон тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла хўроки гарм, маоши хуб, бошишгоҳи саҳроӣ муҳайё карда шавад. Масъулин вазифадор шуданд, ки ҳамчунин дар 20 гектар полезиҳо кишт кунанд. Мардуми деҳоти атрофи ин минтақа, хусусан занону духтарон аз ин иқдом хеле шод гаштаанд, зеро дар ин боғу токзор барои зиёда аз 500 нафар ҷойи кор муҳайё шуда, дубора сарсабзу хуррам гаштани боғу токзор ба ободии бештари тамоми ин минтақа мусоидати фаъол мекунад. Ободонии ин минтақа ҳамчунин боиси хушнудии устодону донишҷўёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон гашт, зеро ба онҳо низ ин боғу токзор чун хоҷагии таълимӣ-истеҳсолӣ барои  озмоишу таҷрибаомўзӣ хизмат хоҳад кард. Аз ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи даромадгоҳи шимолии нақби мошингарди Чормағзак ташриф оварда, бо буридани лентаи рамзӣ ба сохтмони ин иншооти муҳими коммуникатсияи нақлиётӣ оғози расмӣ бахшид. Зимни сўҳбат бо масъулину мутахассисон маълум шуд, ки дарозии нақби мошингард 4 ҳазору 450 метр мебошад ва он бояд дар мўҳлати 36 моҳ ё худ 3 сол аз ҷониби ширкати давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони роҳу пулҳо сохта ба истифода дода шавад. Зикр гардид, ки нақби Чормағзак қисмате аз лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Данғара аст, ки аз гардиши фурўдгоҳи шаҳри Душанбе оғоз ёфта, то маркази ноҳияи Данғара тўл мекашад. ҳамчунин таъкид карда шуд, ки роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Данғара идомаи роҳи мошингарди Душанбе — Чанок ё худ қисмате аз роҳи байналмилалии Чанок-Хуҷанд-Душанбе-Данғара-Кўлоб-қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма – Қароқурум буда, пурра ба фаъолият  шурўъ намудани он боиси барқароршавии яке аз шохаҳои Шоҳроҳи Абрешим  хоҳад шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳсозон ва мардуми зиёди ба ин муносибат ҷамъомада суханронӣ намуда, ҳамагонро бо арафаи Наврўзи хуҷастапай, ки имсол бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифт ва бо оғози сохтмони нақби мошингарди Чормағзак ва ҳам барқарорсозии боғоти машҳури ин минтақа табрику таҳният гуфт. Зикр гардид, ки роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Данғара бо фарогирии сохтмони нақби Чормағзак бо харҷи 630 миллион сомонӣ навсозӣ мешавад. Танҳо дар сохтмони нақби Чормағзак наздики 400 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд, ки беш аз 80% он шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Сипас Муовини директори генералии ширкати давлатии ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони роҳу пулҳо Лю Хун суханронӣ намуда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва кулли ҳозиринро бовар кунонд, ки нақби Чормағзак ва ҳам роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Данғара дар мўҳлатҳои муайяншуда ва босифати баланд сохта ба истифода дода хоҳад шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.      

Март 16, 2010 07:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест