САФАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ЧӢ ХОҲАД ДОД?

Март 17, 2010 16:57

Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). —  Тавре иттилоъ дода будем, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов аз 18 то 19 марти соли 2010 бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Туркманистон, умуман халқҳои тоҷику туркман таърихи тӯлонии муносибатҳои мутақобилан судманд дошта, нахустин мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти кунунии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ҳанӯз 14 феврали соли 2007 зимни иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расмии ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти нави Ҷумҳурии Туркманистон дар шаҳри Ашқобод сурат гирифта буд. Аллакай, зимни ин мулоқот масоили муҳайё намудани заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкориҳои дуҷонибаю минтақавӣ ва ба ин васила густариш додани робитаҳои мутақобилан судбахши ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки бо истифодаи пурсамар аз имконоти мавҷудаи ҳамкорӣ ва баҳрабардории оқилона аз захираҳои бешумори энергетикӣ ва канданиҳои фоиданоки ҳамдигар Тоҷикистону Туркманистон метавонанд ба марҳилаи сифатан нави муносибатҳои худ ворид шаванд. Гуфтанист, ки зимни сафарҳои расмие, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тайи се соли охир ба кишварҳои ҳамдигар доштанд, баҳри таҳкиму густариш додани муносибатҳои судманд заминаи боэътимод гузошта шудааст. Зеро, муносиботи ин ду кишвар барои ҳамдигар аҳамияти хос дошт, дорад ва хоҳад дошт, чун ки мутобиқат ва ё наздикии мавқеъҳо дар масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ худ заминаи мусоиди сиёсӣ барои рушди робитаҳои дуҷониба дар ҳама самтҳо мебошад. Имрӯз миёни Тоҷикистону Туркманистон имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ хеле зиёданд, аз ҷумла баҳри беҳтар намудани равобити нақлиётӣ, шароити рафтуомади шаҳрвандон, рушди тиҷорати дуҷониба, инчунин, кушодани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ва роҳи оҳан миёни ду кишвар, зарурати муҳим доранд. Мақомоти Тоҷикистону Туркманистон умедворанд, ки баъд аз сафари навбатии Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар рушди бештаре пайдо хоҳанд кард. Коршиносони соҳаи иқтисод мӯътақид бар онанд, ки боздиди Президенти Туркманистон аз Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодии ин ду кишварро ба зинаи болотар хоҳад расонд, зеро ҳатто бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ натавонист, ки ба гардиши мол миёни ин ду кишвар таъсири манфӣ расонад. Агар дар соли 2008 гардиши мол миёни Тоҷикистону Туркманистон 69,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил мекард, дар давоми соли 2009 бошад, ин рақам ба 63,9  миллион доллари ИМА расид. Таваҷҷӯҳ ба сафарҳои дуҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон аз он хотир зиёд аст, ки Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар як баёнияи худ аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ даъват кард, то дар подош ба оби фаровоне, ки аз рӯдхонаҳои фаромарзии Тоҷикистон мегиранд, ба ин кишвар барои рафъи камбуди нерӯи барқ кӯмак кунанд. Дар баробари ин, Туркманистон дар рӯзҳои камбуди нерӯи барқ ба Тоҷикистон садҳо миллион киловатт нерӯи барқ содир карда, то имрӯз барои интиқоли молу маҳсулоти Эрон тариқи қаламрави Туркманистон ба Тоҷикистон мусоидат мекунад. Гуфтанист, ки аз ҷумлаи мувофиқатҳои муҳими ба дастовардаи ин кишварҳо тайи 3 соли охир Созишнома оид ба таъмини Тоҷикистон бо маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла кокси нафтӣ, ки кишвари мо ба онҳо ниёзи доимӣ мебошанд. Инчунин,  Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш; Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ; Протоколи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон имзо шудаанд, ки бевосита ба рушди бемайлони минбаъдаи ин ҳамкориҳо мусоидат мекунанд. Интизор меравад, ки дар сафари имсолаи Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон 7 созишнома дар соҳаҳои мухталиф ба имзо мерасанд, ки заминаи устуворе дар равобити минбаъдаи ин кишварҳо ҳоҳанд гашт. 

Март 17, 2010 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст