Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 11.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди малакаҳои забондонӣ ва фароҳам овардани имконияти нави касбӣ барои ҷавонон машғулияти омӯзиши забони олмониро оғоз менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (баъди хатми синфи 11), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ имкон доранд дар машғулияти махсуси омӯзиши забони олмонӣ, ки бо усулҳои муосир ва таҳти роҳбарии омӯзгорони варзида гузаронида мешаванд, иштирок намоянд. Пас аз хатми муваффақонаи машғулият дар имтиҳон, ки аз ҷониби ташкилоти олмонӣ гузаронида мешавад, хоҳишмандон соҳиби сертификати байналмилалии забони олмонӣ мегарданд. Ҳамзамон имкони ҷалб шудан ба таҳсил ва фаъолияти касбӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмонро ба даст меоранд.
Бояд гуфт, ки олмонӣ яке аз забонҳои муҳими байналмилалӣ буда, дарҳои зиёдеро ба сӯи имконияти таҳсил, шуғл ва фарҳанг боз мекунад. Омӯзиши ин забон ба кас имкон медиҳад, ки бо ҷаҳони пешрафтаи илму техника, фарҳанг ва иқтисоди Олмон аз наздик шинос шавад.
Барои иштирок дар машғулияти забономӯзӣ хоҳишмандон метавонанд аризаи худро ба шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Варзишгарон 6, ҳуҷраи 5) то 25 август пешниҳод намоянд.
Телефон барои тамос: (+99237) 250-37-10 ё суроғаи электронии education.committee.Taj@gmail.com.
АКС аз манбаъҳои боз








Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






