Суғд, 26 март.(АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Дар рӯзҳо ҷашни Наврӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 17 нафар хурдтаракон аз оилаҳои камбизоат тӯи хатна карда шуданд. Ба онҳо тӯҳфаҳои наврӯзӣ ва саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи НБО «Роғун»-ро супориданд.