ТА&#1202ДИДИ ИСТЕ&#1202СОЛИ МАВОДИ НАШЪАДОРИ АФҒОНИСТОН БА ВАЗЪИЯТИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Март 4, 2010 09:40

Маскав,  4 март. (АМИТ «Ховар»,  Ҳалима  Хушқадамова). —  Директори Хадамоти федералии  назорати  маводи  нашъадори  Федератсияи  Русия  Виктор  Иванов  3  март  дар  маҷлиси  Кумитаи давлатии  мубориза  ба  муқобили  маводи  нашъадори  мамлакат  маърӯза кард. Дар  маърӯза  зикр  карда  мешавад, ки   намояндагони  Русия  дар   иҷлосияи  52 – юми комиссияи  муборизаи  ба  муқобили  маводи  нашъадори  Шӯрои  иқтисодӣ  ва иҷтимоии  Созмони  Милали  Муттаҳид  дар  бораи   афзун  гардидани  хавф  ва таҳдиди  истеҳсоли  маводи  нашъадор  дар  Афғонистон  изҳори ташвиш  карда буданд. Аз  ҷумла,  таъкид  карда  шуд, ки  эъломияи  сиёсии   соли  1998  қабулнамудаи  СММ  дар бораи нобуд  сохтани  киштзори  кӯкнор  ё то  ҳадди  имкон   кам  кардани  истеҳсоли  маводи  нашъадор  дар  Афғонистон амалан  иҷро нашуд. Бар акс,   тӯли  солҳои охир   масоҳати  киштзори  зироатҳои нашъадор  тақрибан   ду  баробар  афзуд.  Дар  натиҷа  гуфтан  мумкин  аст, ки  изҳороти  сиёсии  мамлакатҳои  аъзои   СММ  дар  бораи  барҳам додани  истеҳсол  ва  паҳн  намудани  маводи  нашъадор  умуман   самараи  дилхоҳ  надод. Қайд  кардан  лозим  аст, ки  истеҳсоли  маводи  нашъадор   танҳо  дар  Афғонистон тӯли  солҳои охир  чандин  баробар  афзудааст. Бояд  гуфт, ки  қисмҳои  ҳарбии байналмилалии  мусоидат  ба   барқарор  сохтани  иқтисодиёти  Афғонистон  дар  ин  мамлакат  9  сол  боз  ҳузур  доранд. Дар  ин  муддат  истеҳсоли  маводи  нашъадор  дар  Афғонистон 40  баробар  афзуд.  Танҳо  соли  гузашта дар  Афғонистон  ҳаҷми  маводи  нашъадори   мусодирашуда  чандин  баробар  коҳиш  ёфт. Масалан, соли  2007 дар  ин  мамлакат 5  тонна героин  ва  230  тонна   хашиш  мусодира  шуда буд. Вале соли 2008  дар  ин  ҷо  ҳамагӣ 593  килограмм  героин  ва 53  тонна  хашиш  ба  даст  афтоду  халос. Ҳамчунин   миқдори   дастгир  кардани   истеҳсолкунандагон  ва  савдогарони  маводи  нашъадор  дар  давоми  солҳои  охир  13  баробар  кам  шудааст. Соли  2007  дар  Афғонистон  248  озмоишгоҳи  истеҳсоли  маводи  нашъадор  барҳам дода шуда буд,  соли  2009  ҳамагӣ 25  озмоишгоҳ  барҳам дода шудааст. Далелҳои  мазкур   шаҳодат  медиҳанд, ки  ҳамкории  байналхалқӣ  дар  бобати  барҳам додани  парвариш ва  истеҳсоли  маводи  нашъадор  дар  Афғонистон  натиҷаи  зарурӣ  намедиҳад. Қобили  қайд  аст, ки  Созмони  Милали  Муттаҳид  аз  иҷрои барномаҳо  дар  бобати  барҳам додани   истеҳсоли   маводи  нашъадор  канораҷӯӣ  карда,  иҷрои онҳоро  ба  зиммаи  НАТО  гузоштааст.  НАТО  дар  навбати  худ   масъулияти  мубориза ба  муқобили  маводи  нашъадорро  ба  зиммаи  мақомоти  Афғонистон  ва  ҳатто  ба  зиммаи  мақомоти  маҳаллӣ вогузор  намудааст. Дар  маърӯза  гуфта  мешавад, ки  раёсати  Шӯрои  амнияти  СММ  моҳи  августи  соли равон  ба  зиммаи  Русия  гузошта  мешавад. Ин   имкон  хоҳад  дод, ки  масъалаи  мазкур  дар  Шӯрои  амнияти  СММ  мавриди  муҳокима  қарор  гирад. Инчунин   аз  8 то  12  март  дар  Вена   иҷлосияи  53 — юми  Комиссияи  назорати  маводи  нашъадори  СММ  баргузор  мегардад.  Аз  ин  имконият  низ   барои   ҷалб  намудани  диққати  ҷомеаи  ҷаҳон  ба  ин  масъалаи  муҳим  истифода бурдан  зарур  аст, —  гуфта  мешавад  дар  маърӯзаи В.Иванов.

Март 4, 2010 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст