ТАҶЛИЛИ 35 – СОЛАГИИ ШИРКАТИ АЛЮМИНИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 31 март аз рӯзи ба кор даромадани корхонаи алюминии Тоҷикистон расо 35 сол гузашт. Ширкати алюминии Тоҷикистон 31 марти соли 1975 ба истифода дода шуда буд. Корхона соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон» табдил дода шуд. Имрӯз дар толори маҷлисҳои корхона ба ин муносибат ҷамъомади серодам баргузор гардид. Дар фарҷоми ҷамъомад коргарону мутахассисони беҳтарин бо мукофотҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин дар коргоҳи аввали рехтагарии корхона хишти махсуси алюминий рехта шуд, ки дар он навиштаҷоти «35 – сол» тасвир ёфтааст. Ба муносибати таҷлили ҷашни корхона инчунин коргоҳи маҳсулоти ширӣ кушода шуд. Иқтидори корхона дар давоми як сол 530 ҳазор тонна алюминии хом мебошад. Соли 2009 дар ин ҷо 360 ҳазор тонна алюминий истеҳсол карда шуд. Маблағи даромади софи он соли гузашта бештар аз 6 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






