ТАҶЛИЛИ 90 — СОЛАГИИ «ОЗАРТОҶ»
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – 1 март ба таъсиси Агентии давлатии иттилоотии Озарбойҷон – «Озартоҷ» 90 – сол пур шуд. Агентии мазкур аъзои қисми зиёди созмонҳои иттилоотии байналмилалӣ мебошад. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба фаъолияти агентӣ баҳои баланд дод. Ӯ кормандони беҳтарини агентиро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид. Дар ҷашни 90 – солагии Агентии иттилоотии «Озартоҷ» директори агентии миллии иттилоотии «Ховар» Садриддин Шамсиддинов низ иштирок намуд. Бояд гуфт, ки ӯ дар маҷлиси 11 – уми Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии мамлакатҳои ИДМ ширкат меварзад, ки дар шаҳри Боку давом дорад. Дар табрикномаи С.Шамсиддинов, аз ҷумла гуфта мешавад: Дӯстон ва ҳамкасбони мӯҳтарам, аз ин фурсати мусоид истифода бурда, ҳамаи кормандони агентии калонтарини иттилоотии Озарбойҷон – «Озартоҷ» — ро бо ҷашни 90 — солагии он самимона табрик менамоям. 90 – сол мӯҳлати кам нест, Агентии иттилоотии «Озартоҷ» дар ин муддат дар ташаккули воситаҳои ахбори оммавӣ дар Озарбойҷон нақши муҳим бозид. Агентӣ инъикоскунандаи рӯйдодҳои таърихии мамлакат ва ҳаёти ҳамарӯзаи мардуми он мебошад. «Озартоҷ» дар бораи Озарбойҷон ва зиндагии мардуми он ба тамоми ҷаҳон хабар медиҳад. Шӯҳрати байналмилалии агентӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти самарабахши тӯлонии хабарнигорону журналистон ба даст омадааст, бешубҳа обрӯю эътибори Озарбойҷонро боз ҳам баландтар мебардорад. Ҳамкории ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Тоҷикистон баъди мустақил гардидани онҳо дар заминаи муносибатҳои дӯстона сол то сол густариш меёбанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки равобити дӯстона ва муносибатҳои таърихии халқҳои мо таърихи қадима доранд ва Осиёи Марказӣ ба маъвои умумии халқҳои эронӣ ва турк табдил ёфтааст. Қобили қайд аст, ки Тоҷикистону Озарбойҷон солҳои охир маҳз дар соҳаи иттилоот ва матбуот торафт бештару самарабахштар ҳамкорӣ мекунанд. Дар робита, гуфтан мумкин аст, ки ҷашни 90 – солагии агентии миллии Озарбойҷон ҷашни бузурги халқҳои бародари мо мебошад. Боварӣ дорам, ки ҳамкории агентиҳои иттилоотии миллии мо дар оянда низ равнақу ривоҷ ёфта, дар бобати вусъат бахшидани фазои иттилоотии ҷаҳон саҳми арзанда мегузорад. Ба ҳамаи кормандони «Озартоҷ» муваффақият, илҳоми тоза ва дар бобати амалӣ сохтани нақшаҳои эҷодӣ комёбиҳои нав орзу менамоям. Аз номи кормандони АМИТ «Ховар» Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» С.Шамсиддинов.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






