ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗ ДАР ВИЛОЯТИ ЯРОСЛАВЛ
Маскав, 18 март. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Ҷамъиятҳои тоҷикони сокини Русия имсол иди Наврӯзро дар ҷумҳуриҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия ботантана ҷашн мегиранд. Аз ҷумла, бо ташаббуси Маркази миллии фарҳангии тоҷикони вилояти Ярославл, иди Наврӯз 23 март дар маркази вилоят таҷлил карда хоҳад шуд. Раиси маркази мазкур Рустам Мирзохоҷаев хабар дод, ки ташаббуси таҷлили Наврӯзро дар минтақаҳои гуногуни Русия сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дастгирӣ намуд. Рӯзҳои ид дар вилояти Ярославл саҳнаҳои гуногун, озмунҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, намоишгоҳҳои асбобҳои мусиқӣ ва либоси миллӣ гузаронида мешаванд. Ба ин муносибат барномаи махсуси консертӣ тартиб дода шудааст. Дар консерт ҳунарпешагони тоҷик ва рус иштирок менамоянд. Дар маросими таҷлили Наврӯз дар вилояти Ярославл Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев, роҳбарони намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия, ҷамъиятҳои миллии тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик иштирок хоҳанд кард. Котиби матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Шоҳин Самадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки 28 март дар Маскав бори аввал Наврӯз ҳамчун иди байналмилалӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






