ТАЪМИНИ БОЭЪТИМОДИ ҚУВВАИ БАРҚ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Баъд аз баромадани Ҷумҳурии Ӯзбакистон аз системаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна, аз моҳи январ инҷониб, системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона бо реҷаи муайян фаъолият намуда истодааст. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истифода додани хатти интиқоли барқи (ХИБ) 500 кВ «Ҷануб-Шимол» имконият дод, ки аз системаи энергетикии ҷануби кишвар, тавассути хати мазкур ба шимоли кишвар дар ҳар шабонарӯз ба ҳисоби миёна бо иқтидори то 190 МВт қувваи барқ интиқол дода шавад. Моҳи феврали соли равон аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқи обии ҷумҳурӣ бо иқтидори 314 МВт ва қувваи барқи воридотӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбакистон бо иқтидори 25МВт (ба ҳисоби миёна) ба қадри имкон соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилояти Суғд бо қувваи барқ таъмин карда шуд. Умуман, моҳи феврали соли ҷорӣ дар асоси маълумоти фаврӣ фурӯши қувваи барқ дар вилояти Суғд 175.6 млн. кВт.соатро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки ягона нерӯгоҳи барқи обии амалкунанда дар вилояти Суғд НБО-и «Қайроққум» мебошад. Дар асоси дуруст ба роҳ мондани корҳои омодагӣ аз ҷониби роҳбарияти муассисаи мазкур ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010 иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳ дар як шабонарӯз то ба 125 МВт расонида шуд. Айни замон, бо мақсади таъмини боэътимоди қувваи барқ дар вилоят аз ҳисоби маблағҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» ва институтҳои байналмилалии молиявӣ, сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо ба роҳ монда шудааст.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






