ТАРМАФУРОИ ДАР БАДАХШОН
ВМКБ, 10 март. (АМИТ «Ховар»).- Фуромадани пай дар пайи тарма рӯзҳои охир дар қаламрави ВМКБ ба мардум талафоти ҷисмониву модди овард. Тибқи ба иттилои дафтари матбуоти РКД-и вилоят рузи 1-уми март ҳангоми фуромадани тарма дар деҳаи Муни ноҳияи Шуғнон ду хонаи истиқомати қисман хароб гардида заминҳои назди хавлиги ва боғот зарар диданд. Аз шиддати шамоли сахти тарма дару тирезаҳои мактаби миенаи деҳа осеб дида,аз истифода баромаданд. Худи ин рӯз дар мавзеи Гундони ҷамоати деҳоти Ванкалъаи ноҳияи Шуғнон айни фуромадани тарма шаҳрвандон Сафармамадов Нусайри,соли таваллудаш 1976 ва занаш Курбонхонова Мадина соли таваллудаш 1983 зери тарма монда,ба ҳалокат расиданд. Дар деҳаи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим ноболиғ Навбаҳори 14 соларо тарма зер намуд,ки дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмони бардошта,пас аз чанде дар беморхона минтиқавии ҷамоати деҳоти Дарморахти нохияи Шуғнон ба ҳалокат расид.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






