ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН БА АФҒОНИСТОН
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод бо даъвати Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай имрӯз ба ин мамлакат ташриф меорад. Зимни сафар масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои ҳар ду мамлакат ва роҳҳои ҳалли проблемаҳои Афғонистон муҳокима карда мешаванд. Тибқи нақша дар ҷараёни сафари Маҳмуд Аҳмадинажод дар шаҳри Кобул корхонаҳое ба истифода дода мешаванд, ки бо кӯмаки молиявии Эрон сохта шудаанд. Аз ҷумла, Маркази таълимии кормандони соҳаи алоқа ва Маркази тиҷоратии Эрон дар пойтахти Афғонистон ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард. Президенти Эрон ягона роҳбари давлати хориҷӣ мебошад, ки дар бораи сафари онҳо ба Афғонистон пешакӣ хабар дода шуд. Одатан дар бораи сафари роҳбарони мамлакатҳои хориҷӣ ба Афғонистон баъди ба Кобул омаданашон ё баъди анҷом ёфтани сафарашон хабар дода мешуд. Қобили қайд аст, ки 8 март дар арафаи сафари Президенти Эрон ба Афғонистон якбора вазирони мудофиаи ИМА ва Британияи Кабир ғайричашмдошт ба Кобул омаданд. Бояд гуфт, ки вақтҳои охир намояндагони давлатҳои минтақа ба Кобул торафт бештар ташриф меоранд. Аз ҷумла, котиби Шӯрои амнияти Ҳиндустон Шишон Карманун ва сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Покистон Муҳаммад Азиз чанд рӯз пеш ба Кобул омада буданд.








Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд






