ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). – Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 18 март барои боздиди давлатии дурӯза ба Тоҷикистон меояд. Ӯ зимни сафар бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Инчунин гуфтушуниди ҳайатҳои расмии хар ду мамлакат ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷараёни ин мулоқоту гуфтушунидҳо самтҳои афзалиятноки муносибатҳо ва ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон муҳокима карда мешаванд. Дар фарҷоми мулоқот силсилаи ҳуҷҷатҳо имзо карда хоҳанд шуд. Президенти Туркманистон дар ҷараёни сафар 19 март дар тантанаҳои идонаи бахшида ба Наврӯз дар ноҳияи Данғара иштирок менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






