«ВАХШ» — СОҲИБИ ҶОМ
Қӯрғонтеппа, 16 март. (АМИТ«Ховар», Беков Юсуфбек).- Дирӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳраки Уялии ноҳияи Хуросон бозиҳои ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Рустам Долтабоев баргузор гардид, ки дар он дастаи «Вахш»- и шаҳри Қӯрғонтеппа дастаи РегарТАДаз- и ноҳияи Турсунзодаро бо ҳисоби 4:3 шикаст дода, Ҷоми ин мусобиқаро ба даст овард. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» Исроил Шарипов, раиси клуби футболи «Вахш»- и шаҳри Қӯрғонтеппа зимни сӯҳбати телефонӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ дар ин вохӯрӣ вақти асосии бозӣ дуранг яъне, 0:0 анҷом ёфт, ки довар барои муайян намудани ғолиб ва барандаи Ҷом зарбаҳои 11 метра таъин намуд. Ҳамин тавр бозингарони дастаи «Вахш» Ҷоми мусобиқаи ба номи Рустам Долтабоевро низ соҳиб гардиданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






