ВИЛОЯТИ СУҒД НОМЗАДИ ХУДРО ПЕШБАРӢ НАМУД
Хуҷанд, 12 март. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дирӯз дар мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати раиси вилоят Қоҳир Расулзода иҷлосияи нахустини Маҷлиси вакилони мардумии вилоят баргузор гардид. Дар он вакилони ба тозагӣ интихобгардидаи Маҷлиси вакилони мардумии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти интизомӣ ва корхонаю муассисаҳо ширкат варзиданд. Дар иҷлосия натиҷаҳои интихоботи вакилони мардумии Маҷлиси вилоят ва тасдиқи ваколатҳои онҳо муҳокима карда шуд. Раиси комиссияи интихоботи Маҷлиси вакилони мардумии вилоят Наим Маликисломов хабар дод, ки барои интихоби вакилони мардумӣ дар саросари вилоят 70 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда, дар онҳо 132 номзад ба қайд гирифта шуд. Дар интихобот 88,1 фоизи интихобкунандагон ширкат варзиданд. 28 феврал 67 номзади вакили Маҷлиси вилоят миқдори зарурии овозҳоро ба даст овард. 62 вакили Маҷлиси вакилони мардумии вилоят аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, 2 вакил аъзои Ҳизби коммунист, 1 нафар узви Ҳизби аграрӣ ва 2 нафар ғайриҳизбӣ мебошанд. Дар се ҳавзаи интихоботӣ бо сабаби кам будани миқдори овозҳои интихобкунандагон вакилони Маҷлиси вилоят интихоб нагардиданд. Бо ҳамин сабаб дар ҳавзаҳои интихоботии Шаҳрак ва Ҷавонӣ 14 март овоздиҳии такрорӣ, дар қитъаи интихоботии Уротеппа 25 апрел интихоботи такрории вакилони Маҷлиси вилоят гузаронида мешаванд. Дар иҷлосия ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони мардумии вилоят тасдиқ карда шуданд. Инчунин дар иҷлосия номзади узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ пешбарӣ карда шуд. Аксарияти кулли иштирокчиёни иҷлосия ба тарафдории номзади раиси вилоят, вакили Маҷлиси вакилони мардумии вилоят Қоҳир Расулзода ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ овоз доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






