«ВОИЗОН, К-ИН ҶИЛВА ДАР МЕҲРОБУ МИНБАР МЕКУНАНД»
Душанбе, 4 март. /АМИТ «Ховар» — ruzgor.tj/. — Бо баракати ақли лоязолӣ, ки атои худованд аст ва такондеҳи рушду тавсеъаи ҷаҳони техникӣ мебошад, имрӯз насибамон гаштааст, ки фарсахҳо дур аз Ватани азиз дониш андӯзему ҳамзамон тавассути Интернет дар вақту лаҳзаҳои дилхоҳ бо азизони дили хеш дар тамос бошем, наздикии ёру дӯст, меҳани маҳбубро дар қалби худ эҳсос кунем, аз пешрафту муваффақиятҳояшон шод гардему аз ноқисиҳо ғамгин. Муддатест, ки ғояи ягонаи миллӣ, сохтмони барои ояндаи мардуми тоҷик ва кишвари Тоҷикистон тақдирсоз – сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, тамоми мардумро даври хеш муттаҳид намуд ва тамоми ҷаҳониён шоҳиди он гаштанд, ки чӣ гуна тоҷик метавонад, новобаста аз диду назари сиёсии хеш, манфиатҳои миллиро дар сатҳи баландтарини ормонҳои худ ҷой диҳад, алорағми душманони ҳасуду бадкеши ин миллати соҳибмаърифату куҳанбунёд, дасти якдигарро бигирад ва ваҳдати комили хешро намоиш диҳад. Ва ин ваҳдат, ин ягонагӣ, боиси сарфарозию ифтихори мо донишҷӯён, як гурӯҳи кӯчаки ин миллати фархунда дар байни дигар ҳамсабақҳоямон гардида буд. Моро бавижа баёнияи роҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастгирии Ҳукумати ҶТ дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба ваҷд оварда буд. Мо онро ҳамчун як муждае аз ваҳдати халалнопазири миллат дар як давраи ҳассос, даврае, ки душманони нотавонбин роҳҳои рахна заданро ба ягонагии мо меҷӯянд ва кӯшиш доранд монеи ҳама гуна пешрафти ҷомеаи мо гарданд, пазируфта будем. Вале сад афсӯс, ки «Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд». Интихоботи баргузоршуда, боз ҳамаро ба «ҷоҳои худшон» нишонд. Ҳомии ислом ва ҷаноби демократимаоб, мӯҳтарам Муҳиддин Кабирӣ, ки шурӯъ аз рӯзҳои аввали маъракаи интихоботӣ ҳамеша ба такрор мегуфт «ин интихобот аз лиҳози ташкилӣ ва аз лиҳози фазои сиёсӣ дар муқоиса бо интихоботи солҳои 2000 ва 2005 пешравии мусбате дорад», дар ниҳояти кор чун мағлуб гашт, ба ҷои мардона пазируфтани ин мағлубият, симои асосии хешро боз аён сохт. Ӯ нишон дод, ки ин ягонагӣ ва арзишҳои миллӣ барояш ними хас арзиш надоранд ва ҳадафи асосиаш расидан ба зинаҳои болотари сиёсист. Вагарна дар панҷ соле, ки ӯ ва ба истилоҳ, «пешвои маънавии наҳзатиҳо» ҷаноби М. Ҳимматзода дар курсии вакили Парлумон қарор доштанд чӣ хидмати наҷибе барои мардуми Тоҷикистон кардаанд ва умуман Парлумони кишвар чӣ хизмате дар назди ин мардум дорад, ки боз шахсони навбатӣ барои соҳиб шудан ба курсиҳои он ҷон мекоҳонанд. Ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ, дар сӯҳбатҳое, ки Шумо бо мо ва дигар донишҷӯёни ҳамтои мо дар кишварҳои исломӣ доштед (фаромӯш насозед, ки мо тавассути имкониятҳои Итернетӣ ҳамеша бо ҳамдигар дар тамосем), барои мо ваъдаҳои зиёде додаед, вале баҳри иҷроишашон кӯшише ба харҷ намедиҳед. Мо ба пуррагӣ дарк кардаем, ки мақсади сафарҳои Шумо ба кишварҳои исломӣ ҷамъ намудани маблағҳо дар зери пӯшиши фаъолияти ҲНИТ барои худатон мебошад. Набошад аз куҷо ин қадар боигарии шахсиро Шумо дар як муддати кӯтоҳ пайдо намудед, ки имрӯз соҳиби ширкати сохтмонӣ, воридоти молҳои рӯзғор аз Эрон ва чандин хонаю дигар моликияти хусусӣ дар шаҳриДушанбе гаштаед. Шумо медонед, ки фарқи мо ҷавонони имрӯзаи тоҷик, ки дар шароити кишварҳои хориҷӣ дониш меомӯзем, аз дигар ҷавонони тоҷик дар чист? Намедонед? Пас мо ба Шумо мефаҳмонем. Мо сухангӯёну суханбозонро зиёд дидаем, аз ин рӯ ба ҳар шахс на аз гуфтаҳояш, балки аз рӯи кардаҳояш баҳо медиҳем. Вақте, ки ба кардаҳои Шумо ҳамчун роҳбари як ҳизби сиёсӣ назар андохтем, чи дидем: Шумо дар лаҳзаҳои барои ҲНИТ мушкилтарин (солҳои 93-и асри гузашта) аз ҳамсафони худ, ки дар шароити сангини Афғонистон азоби ҷисмониву маънавӣ мекашиданд, фирор намуда дар шароити ороми Федератсияи Руссия ба сарватғундорӣ машғул шудед. Чун вазъият каме ором гирифту дидед миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва сарварони мухолифини тоҷик гуфтушунидҳо шурӯъ шуданд, худро боз ба канори ҳизб задед ва ҳатто аз ҳисоби ҳизб Академияи дипломатии шаҳри Маскавро хатм кардед. Мо ба саводу ҳушёрии сиёсии Шумо қоилем. Зеро дар як муддати кӯтоҳ, ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, тавонистед ба боварии марҳум Устод Саид Абдуллои Нурӣ ворид гардида, ҷойнишини ӯ дар садорати ҲНИТ гардед. Моро дигар гӯл задан мушкил аст. Мо аллакай дарк мекунем, ки ислом чисту сиёсат чӣ. Мо аллакай мефаҳмем, ки бо кадом мақсадҳои ғаразнок, Шумо мусулмонони тоҷикро ба пайравони санаддори Худо, яъне ҳизбӣ ва мусулмонони беҳуҷҷати ғайриҳизбӣ ҷудо кардаед. Вале хаёли Шумо хом аст. Моро дигар фиреб кардан амрест мушкил. Агар қаблан симои Президенти ҶТ-ро мо танҳо дар сухану гуфтаҳои Шумо ва як иддаи дигари ба ном «ҳомиён»-и ислом тасаввур мекардем, солҳои охир ӯро чандин дафъа дар шароити хориҷи кишвар аз наздик дидем ва итминон ҳосил кардем, ки ӯ имрӯз пуштибони асили миллати мусулмони тоҷик ва арзишҳои бузургу муқаддаси исломист ва ин муқаддасотро дар ҳамон шакле пос медорад, ки падару аҷдодони мо аз қадимулайём онҳоро эътироф мекарданду парастиш мекарданд, на чун баъзе мазҳабфурӯшони миллат, ки ба кадом кишвари исломие, ки сафар намуданд, ба хотири чанд пайсаи пуччак ба дину оин, мазҳабу макотиби барои тоҷикон бегона мегароянд. Бузургдошти Имоми Аъзам ҷойгоҳи исломро дар Тоҷикистон барои ҷаҳониён, хусусан барои кишварҳои исломӣ муайян кард. Ва аксари онҳо дар назди Сарвари тоҷикон сари таъзим фуруд оварданд, зеро дар худи ин кишварҳо чунин таваҷҷӯҳе ба бузургони ислом ва аҳли тақво зоҳир нагардидааст. Мутаасифона, аз ҷониби Шумо исломиёни ҳуҷҷатдор мо чунин ташаббусеро алҳол надидаем ва фақат мебинем, ки шумо онро танҳо барои амалӣ намудани манофеъи худ истифода мебаред. Мӯхтарам Раиси ҲНИТ! Шумо, ки аз тақаллубкориҳо дар интихобот, маҳалгароиҳо дар Ҳукумат ва коррупсия дар сатҳи мақомоти давлатӣ менолед, чаро ҳамчун як сиёсатмадори муосири ҷомеаи тоҷик худатон ба дигарон намуна намешавед. Чаро маблағҳои аз кишварҳои исломӣ барои ҳизб воридшаванда танҳо ба воситаи хушу таборатон интиқол мешаванду дар ихтиёри худатон қарор мегиранд. Чаро дар сафи номзадҳо ҳамчун вакили Парлумон хоҳару бародару писари амакатон дар баробари худатон қарор доштанд? Умуман, Шумо, ки ҷонибдори роҳ додани танҳо кадрҳои тавоно ва кордон ба Парлумони кишвар мебошед, киро дар рӯйхати ҲНИТ ҳамчун фарди ҷавобгӯ ба ин талаботҳо мебинед? Мо чунин шахсонро дар рӯйхат надидем. Аслан, мақсад аз навиштани ин мақола ҳуҷум ба Муҳиддин Кабирӣ надоштем. Вале чи илоҷ, ки «Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор». Муҳиддин Кабирӣ, ки худро як сиёсатмадори шинохтаи Тоҷикистони имрӯза меҳисобад, бояд ҳассосияти марҳилаи кунуниро дарк кунад ва ба нафъи душманони миллату миҳани тоҷик хизмат накунад. Ӯ бояд манфиатҳои шахсии худро боло нагузорад ва миёни ҷомеаи тоҷик тафриқа наандозад, чунки дар вазъияти кунунӣ ин иқдом хиёнат ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистон аст. Мо медонем, ки хеле ҷавонем ва дар навишти мақола ба эҳсосот дода шудаем, аз ин сабаб ба иштибоҳоти зиёде низ роҳ додаем ва Муҳиддин Кабирӣ бо осонӣ онҳоро ошкор карда ҷавобе ҳам барои мо менависад, вале умедворем, ки агар ӯ дӯстдори ҳақиқии миллату меҳани худ бошад, аз халалдор кардани вазъи сиёсӣ дар ҶТ даст мекашад. Ба ҳар ҳол, ӯ имкон дорад, ки боз панҷ соли дигар дар пушти курсии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳ бурда, барои кишварҳои исломии минтақа дар Тоҷикистон «ҷомеаи исломӣ» ва барои кишварҳои Аврупо «ҷомеаи демократӣ» бисозад.