ҒОЛИБИ ОЗМУН СОҲИБИ ХОНАИ 80 000 $ ГАРДИД
Душанбе, 20 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Коллективи меҳнатии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №94 –и ноҳияи Синои пойтахт ғолиби озмуни «Мактаби сол-2009» гардида, соҳиби як хонаи сеҳуҷрадор, воқеъ дар кӯчаи Сино, 42 гардид. Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар маросими тантанавӣ калиди хонаро, ки арзишаш 80 ҳазор доллари амрикоӣ аст, ба директори мактаби мазкур супорид. Инчунин, дар Рӯзи пойтахт озмунҳои касбии «Мактаби сол-2009», «Кӯдакистони сол -2009», «Директории сол-2009», «Мудири кӯдакистони сол-2009», «Муаллими сол-2009», «Мураббии сол-2009» ва «Синфи беҳтарини сол -2009» ҷамъбаст гардида, ба ғолибон тӯҳфаҳои пулию молӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, Раиси шаҳр ба хатмкунандагон –баррандагони медалҳои тилло ва нуқраи литсей ва гимназияҳои пойтахт мукофотпулӣ тақдим кард. Инчунин, ба аълохонҳои мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр ва донишҷӯёни аълохони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод С. Айнӣ идрорпулӣ супорида шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






