ҚОИДАҲОИ САБТИ НОМИ ШАҲРВАНДОНИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ТАҒЙИР ЁФТАНД

Апрель 16, 2010 09:39

Душанбе,  16 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Намояндаи  расмии Вазорати  корҳои  хориҷии  Қазоқистон Аскар  Абдураҳмонов   15  апрел  зимни  мулоқот  бо  хабарнигорон  дар  бораи  тағйир  дода шудани  қоидаҳои  сабти  номи шаҳрвандони  мамлакатҳои  ИДМ дар  қаламрави  Ҷумҳурии  Қазоқистон  хабар  дод.  Вай  зикр  кард, ки дар  доираи  тадбирҳои ташкили  Иттифоқи  гумрукии  Ҷумҳурии  Қазоқистон, Ҷумҳурии Белорусия  ва  Федератсияи  Русия  бо  фармони якҷояи  Кумитаи  амнияти  миллӣ,  вазорати  корҳои дохилӣ  ва  вазорати  корҳои  хориҷии  Қазоқистон  аз  13  апрели  соли  равон  ба Қоидаҳои  ба  ҳисоб  гирифтани   шаҳрвандони  хориҷӣ   дар  Ҷумҳурии  Қазоқистон» тағйирот  ворид  карда шуд.  Дар  натиҷа, тартиби  ягонаи  ба  қайд  гирифтани  шаҳрвандони  мамлакатҳои  ИДМ  дар  қаламрави  Қазоқистон  муқаррар  карда  мешавад,  гуфт  А.Абдураҳмонов.  Аз  чумла,  шаҳрвандони  ҳамаи  мамлакатҳои  ИДМ, ки  ба  қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон  ворид  мегарданд,  бояд  дар  давоми  5  рӯз  дар  муассисаҳои  политсияи  муҳоҷирати   мақомоти  корҳои дохилии  маҳалли истиқомати  муваққатиашон  ба  қайд  гирифта шаванд.    А.Абдураҳмонов  хабар  дода, ки  аз  13  апрел  тартиби  пештараи  бақайдгирии  шаҳрвандони  хориҷӣ  дар  қаламрави  Қирғизистон  бекор  карда шуд. Қабл  аз ин  шаҳрвандони  Қирғизистон дар  қаламрави  Қазоқистон  дар  давоми  90  рӯз   ва  шаҳрвандони Тоҷикистон  дар  давоми  30  рӯз  ба  қайд  гирифта шаванд.

Апрель 16, 2010 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад