ҲАҶМИ ХАРИДУ ФУРӮШИ МОЛИ ЧАКАНА МЕАФЗОЯД

Апрель 3, 2010 11:27

Душанбе,  3 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). – Аз  рӯи  маълумоти  Кумитаи байналмилалии  омори  ИДМ,  дар  давоми  моҳҳои  январу  феврали  соли  2010  Ҷумҳурии Қирғизистон  аз  ҷиҳати афзоиши  истеҳсоли  молҳои саноатӣ дар  миқёси  иттиҳод  ҷои  аввалро  ишғол  намуд. Истеҳсоли  молҳои  саноатӣ  дар  ин  мамлакат  аввали  соли  равон 25,8  фоиз  афзуд.  Дар  ин  бобат  ҷойҳои  дуюму  сеюмро  мутаносибан  Тоҷикистону  Қазоқистон  ишғол  менамоянд. Тӯли  моҳҳои  январу  феврал   истеҳсоли  молҳои  саноатӣ дар  Арманистон 9,4  фоиз, Ӯзбекистон  9 фоиз, Украина 8,8 фоиз, Озарбойҷон 6,7 фоиз,  Русия 5,8  фоиз,  Белорусия  4,2  фоиз  ва  Молдавия  4,1  фоиз  зиёд  гардид. Исетҳсоли  молҳои  саноатӣ  дар  мамлакатҳои  ИДМ  дар  ин  давра  нисбат ба  аввали  соли 2009 – ум  7  фоиз  афзуд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки хариду  фурӯши  молҳои  чакана  дар  мамлакатҳои  ИДМ  дар   давоми  ду  моҳи  соли равон  нисбат ба  ҳамин давраи  соли  2009  як  фоиз  зиёд  шудааст. Аз  ҷумла,  ҳаҷми  хариду фурӯши  молҳои  чакана  дар  Тоҷикистон 15,7  фоиз, Белорусия 11,1 фоиз, Қазоқистон 10,9  фоиз, Озарбойҷон 8,1  фоиз,  Қирғизистон 4  фоиз,  Молдавия 1,7  фоиз  ва  Русия  0,8  фоиз зиёд  гардида,  ҳамзамон  дар  Украина 4,7  фоиз  кам  шудааст. Моҳҳои  январу  феврали  соли  2010  дараҷаи  беқурбшавии  пул  дар  мамлакатҳои  ИДМ  нисбат ба  ҳамин  давраи  соли  2009 – ум  8  фоизро ташкил  дод.

Апрель 3, 2010 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд